https://sputnik.tj/20211222/patent-barobar-beshtar-sharh-muhojirat-rusiya-1044324201.html
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Русия охирин омори марбути муҳоҷират дар кишварро нашр намуд
2021-12-22T16:25+0500
2021-12-22T16:25+0500
2021-12-22T18:06+0500
муҳоҷират
шиноснома
патент
электронӣ
зиёд шудан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449419_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_80da0c2f16431589c57819576b1f5a80.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар моҳҳои январ-ноябри соли равон теъдоди хориҷиёне, ки аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштаанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар аст. Ба иттилои манбаъ, соли гузашта нуҳ миллион ҳолати қайди муҳоҷиратӣ ҷой дошт, ки соли равон он то ба 12 миллион маврид расидааст. ВУД афзуд, дар соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ каме бештар аз як миллион патент гирифта буданд, ки ин нишондод соли равон аз ҳадди 2 миллион адад гузаштааст. Теъдоди онҳое, ки ба шаҳрвандии Русия дар 11 моҳи соли равон қабул шудаанд, 667 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад, ки шумораашон дар даври мушобеҳи соли гузашта ба 563 ҳазору 342 нафар мерасид. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилии Русия навъи нави патентро тасдиқ кардаанд, ки ҳомили иттилои электронӣ дар мавриди соҳибаш мебошад. Шакли нави патент аз 29 декабри соли равон ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода хоҳад шуд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар патентҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки тамоми иттилоотро дар мавриди соҳиби санад фаро мегирад. Аз ҷумла ному насаб, маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ, изи ангушт ва дигар иттилоотро шомил мешавад.
https://sputnik.tj/20211222/rusiya-muhojiron-patenti-nav-jori-1044320743.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449419_272:0:2767:1871_1920x0_80_0_0_b8613371914035ea2eaa2635d76acbfd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
патент, афзоиш, муҳоҷират, кишвар, русия
патент, афзоиш, муҳоҷират, кишвар, русия
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
16:25 22.12.2021 (Навсозишуда: 18:06 22.12.2021) Вазорати умури дохилии Русия охирин омори марбути муҳоҷират дар кишварро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар моҳҳои январ-ноябри соли равон теъдоди хориҷиёне, ки аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштаанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта нуҳ миллион ҳолати қайди муҳоҷиратӣ ҷой дошт, ки соли равон он то ба 12 миллион маврид расидааст.
ВУД афзуд, дар соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ каме бештар аз як миллион патент гирифта буданд, ки ин нишондод соли равон аз ҳадди 2 миллион адад гузаштааст.
Теъдоди онҳое, ки ба шаҳрвандии Русия дар 11 моҳи соли равон қабул шудаанд, 667 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад, ки шумораашон дар даври мушобеҳи соли гузашта ба 563 ҳазору 342 нафар мерасид.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилии Русия навъи нави патентро тасдиқ кардаанд, ки ҳомили иттилои электронӣ дар мавриди соҳибаш мебошад.
Шакли нави патент аз 29 декабри соли равон ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода хоҳад шуд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар патентҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки тамоми иттилоотро дар мавриди соҳиби санад фаро мегирад. Аз ҷумла ному насаб, маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ, изи ангушт ва дигар иттилоотро шомил мешавад.