Баррасии парвандаи Ҳувайдо чаҳор соат идома пайдо кард, вале ниҳоӣ нашуд

© gerechtigkeits.deДевочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк
Девочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Мурофиаи навбатии қазияи қатли духтари панҷсола дар Русия боз ба таъхир гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола дар Русия боз ба рӯзи 29-уми декабр гузошта шуд.
Ҳарчанд қарор буд, мурофиаи рӯзи 22-юми декабр ниҳоӣ ва гумонбари ин ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Мурофиа рӯзи 22-юми декабр, пас аз чор моҳи таъхир аз сар гирифта шуд, вале бидуни ягон натиҷа ба анҷом расид. Ҳимоятгарони гумонбар ин навбат ҳам тавонистанд мурофиаро кашол диҳанд.

Фоҷеа дар Серпухов

Тобистони соли 2018 дар шаҳри Серпухов ҳодисаи даҳшатбор рух дод. Духтари панҷсола, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, аз майдончаи назди хона нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро аз даруни халтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.
 Хувайдо Тиллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Дар вилояти Маскав баррасии додгоҳии қазияи куштори Ҳувайдо баргузор мешавад
Кормандони пулис бо кумаки дурбинҳои назоратӣ гумонбари асосӣ дар ин ҳодисаи нангинро муайян намуданд. Муттаҳам Александр Сёмини 28-сола, ҳамсояи хонаводаи ин духтар буд. Дар манзили ин мард осори пойафзоли духтар ва изи ангуштонашро пайдо карданд.
Экспертизаи судӣ нишон дод, ки ӯро Сёмин таҷовуз карда, сипас бо корд ба қатл расондааст. Аммо Сёмин ба бегуноҳии худ пофишорӣ мекунад ва вакилони мудофеаш дар аввал ӯро девона бароварданд, аммо ташхис сиҳат будани ӯро собит кард. Инак, соли чорум аст, ки ин қазия ҳалли худро пайдо накардааст.
Лентаи хабарҳо
0