https://sputnik.tj/20210705/viloyati-maskav-barrasii-dodgoh-qaziyai-kushtori-huvaydo-1040656778.html
Дар вилояти Маскав баррасии додгоҳии қазияи куштори Ҳувайдо баргузор мешавад
Дар вилояти Маскав баррасии додгоҳии қазияи куштори Ҳувайдо баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мурофиаи судие, ки бояд 22 июн баргузор мешуд, ба таъхир андохта шуда буд
2021-07-05T16:11+0500
2021-07-05T16:11+0500
2021-08-10T14:44+0500
қазияи куштори ҳувайдои ғӯрамарг дар серпухов
парванда
ҳувайдо
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102632/60/1026326033_0:184:1536:1048_1920x0_80_0_0_2e0b97031df87077fd628a6ed8317017.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрӯз дар Додгоҳи вилоятии Маскав мурофиаи додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо, духтараки 5-солаи тоҷик баргузор мешавад.Дар ин бора падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ёдрас мешавем, пештар, 22 июн баррасии ин парванда бо далели ташдиди вазъи коронавирус дар Русия ба таъхир андохта шуда буд.Ҳамин тавр, дар назар аст, имрӯз додгоҳ ду масъаларо баррасӣ кунад.Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора пештар Суди вилоятии Маскав қарори марбута қабул карда буд."Суди вилоятии Маскав қарорашро қабул карда буд, лекин ҷониби ҳимояи боздоштшуда ба суди аппелятсионӣ шикоят карданд. Ҳамин шикоятро суди аппелиатсионӣ баррасӣ карда, як ду хатогии протсесуалӣ ёфт, ки начандон ҷиддӣ аст, аммо бо ҳамин асос қарор боз ба судяи нав баргардонида шуд, то онро аз сари нав дида, баррасӣ кунад", - таъкид мекунад ҳомии ҳуқуқ.Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд. Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, ҳукм содир нашудааст.
https://sputnik.tj/20210621/barguzori-parvandai-kushtor-huvaydo-taftishot-1040345070.html
https://sputnik.tj/20210412/huvaido-kushtor-russia-madad-1035402615.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102632/60/1026326033_0:40:1536:1192_1920x0_80_0_0_50b2de8816b9834fdf648c4be5c2f13d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия додгоҳ
Дар вилояти Маскав баррасии додгоҳии қазияи куштори Ҳувайдо баргузор мешавад
16:11 05.07.2021 (Навсозишуда: 14:44 10.08.2021) Мурофиаи судие, ки бояд 22 июн баргузор мешуд, ба таъхир андохта шуда буд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрӯз дар Додгоҳи вилоятии Маскав мурофиаи додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо, духтараки 5-солаи тоҷик баргузор мешавад.
Дар ин бора падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ёдрас мешавем, пештар, 22 июн баррасии ин парванда бо далели ташдиди вазъи коронавирус дар Русия ба таъхир андохта шуда буд.
Ҳамин тавр, дар назар аст, имрӯз додгоҳ ду масъаларо баррасӣ кунад.
"Ин тамдиди ҳабси Александр Сёмин ва дубора ба тафтишот равон кардани парванда мебошад", - хабар дода буд пештар вакили Саидов, Шавкат Умаров.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора пештар Суди вилоятии Маскав қарори марбута қабул карда буд.
"Суди вилоятии Маскав қарорашро қабул карда буд, лекин ҷониби ҳимояи боздоштшуда ба суди аппелятсионӣ шикоят карданд. Ҳамин шикоятро суди аппелиатсионӣ баррасӣ карда, як ду хатогии протсесуалӣ ёфт, ки начандон ҷиддӣ аст, аммо бо ҳамин асос қарор боз ба судяи нав баргардонида шуд, то онро аз сари нав дида, баррасӣ кунад", - таъкид мекунад ҳомии ҳуқуқ.
Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд. Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, ҳукм содир нашудааст.