Донишомӯзон ба сари духтар тухму майонез молиданду волидайн ҷазо мегиранд - видео

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Феълан нисбати волидони ин хонандагони мактаб парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфт, ки боиси интиқоди шадиди корбарон гардид. Дар ин навор дида мешавад, донишомӯзони тоҷик дар сари як духтар аввал чанд тухм шикастанду баъдан ба он кетчупу майонез молиданд.
Корбарон шадидан ин амали мактаббачагонро мавриди интиқод қарор дода, аксари онҳо волидонро гунаҳкор мекарданду қисми дигар гуноҳро ба сари муаллимон бор карда, аз роҳандозии шеваи нодурусти таълим дар макотиб гила намудаанд.
Аммо кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, "қаҳрамонон" -и ин наворо муайян ва ба далели ноболиғ будани онҳо волидонашонро ба идораи милитсия даъвату онҳоро аз асли воқеа хабардор намуданд.
Муайян гардид, ки ин ҳодиса дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и пойтахт, дар синфи хатмкунандагон сурат гирифтааст.
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
"Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видео
Ба навиштаи расонаҳо, хонандагон бо ҳамин шеваи ғайриоддӣ ҳамсинафашонро бо рӯзи мавлудаш табрик намудаанд. Хонаводаи ин духтар мегӯяд, нисбати ягон хонанда даъво надоранд ва ба фарзандашон ягон осеби ҷиддӣ расонда нашудааст.
Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе меафзояд, барои вайрон намудани талаботи Қонун дар бораи масъулияти падару модар нисбати волидони хонандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0