https://sputnik.tj/20210531/talaba-muallima-dars-rond-sharh-pulis-video-1039866479.html
"Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видео
"Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видео
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони наворе, ки нисбати як омӯзгор беэҳтиромӣ карда, ӯро бо лаҳни дурушт аз синфхона ронд, аз ҷониби кормандони милиса муайян шуд.
2021-05-31T17:40+0500
2021-05-31T17:40+0500
2021-06-04T13:04+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
маориф
хонанда
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101593/08/1015930819_0:51:1601:951_1920x0_80_0_0_999da950db8dee356dca0ee343fe9590.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Қаҳрамони наворе, ки нисбат ба як омӯзгор беэҳтиромӣ карда, ӯро бо лаҳни дурушт аз синфхона ронд, аз ҷониби кормандони милиса муайян шуд.Ин навор чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он хонандаи мактаб ба омӯзгори худ дар нишон дода, аз ӯ талаби тарк кардани синфхона намуд.Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбати муаллимаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарон дархост намуданд, ки нисбати хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, пас аз як соати нашр шудани навор, кормандони милиса шахсияти хонандаро муайян намуданд.Манбаъ меафзояд, нисбати падари 49 - солаи наврас, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол шудааст.Бо хонанда ва ҳамсабақони ӯ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон хабару гузоришҳои ба ин монанд зуд - зуд ба миён меоянд. Хонандагон гоҳе бо силоҳ мусаллаҳ мешаванду гоҳе дастаҷамъона вориди задухӯрд мешаванд.Барои пурзӯр кардани назорат аз болои хонандагону донишҷӯёни донишкадаҳо, дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони полис амалиёти "Корд" роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин то як муддат дар мактабҳо дар қатори постбонҳо ҳамчунин кормандони пулис навбатдорӣ мекарданд.Чанде пеш як донишҷӯи Донишгоҳи технлогӣ декани факултаро бо корд маҷрӯҳ кард ва аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд. Феълан қазияи ин ҳдиса норӯшан аст ва маълум нест, ки донишҷӯ барои ин амали худ чӣ ҷазо гирифт.Дар робита ба ин қазия, Вазири маориф Имомзода Муҳаммадюсуф низ зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар ин ҳодиса бояд фарзияи ҳар ду ҷониб шунида ва таҳлили амиқ шавад.
https://sputnik.tj/20210219/donishju-dekan-kordkashi-1032855643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101593/08/1015930819_132:0:1467:1001_1920x0_80_0_0_cc28840af917fc2b677155a9d696d32c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, хонанда, муаллима
душанбе, хонанда, муаллима
"Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видео
17:40 31.05.2021 (Навсозишуда: 13:04 04.06.2021) Рафтори хонандаи мактаби миёна нисбат ба омӯзгораш боиси вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Қаҳрамони наворе, ки нисбат ба як омӯзгор беэҳтиромӣ карда, ӯро бо лаҳни дурушт аз синфхона ронд, аз ҷониби кормандони милиса муайян шуд.
Ин навор чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он хонандаи мактаб ба омӯзгори худ дар нишон дода, аз ӯ талаби тарк кардани синфхона намуд.
Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбати муаллимаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарон дархост намуданд, ки нисбати хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, пас аз як соати нашр шудани навор, кормандони милиса шахсияти хонандаро муайян намуданд.
"Номбурда, Ф.М, сокини 17 - солаи кӯчаи Неъмат Қарабоев, хонандаи синфи 11 "А" МТМУ №76 ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, ки муаллимаи фанни алгебра Ф.М.-ро аз синфхона берун кардааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, нисбати падари 49 - солаи наврас, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол шудааст.
Бо хонанда ва ҳамсабақони ӯ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон хабару гузоришҳои ба ин монанд зуд - зуд ба миён меоянд.
Хонандагон гоҳе бо силоҳ мусаллаҳ мешаванду гоҳе дастаҷамъона вориди задухӯрд мешаванд.
Барои пурзӯр кардани назорат аз болои хонандагону донишҷӯёни донишкадаҳо, дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони полис амалиёти "Корд" роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин то як муддат дар мактабҳо дар қатори постбонҳо ҳамчунин кормандони пулис навбатдорӣ мекарданд.
Чанде пеш як донишҷӯи Донишгоҳи технлогӣ декани факултаро бо корд маҷрӯҳ кард ва аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд. Феълан қазияи ин ҳдиса норӯшан аст ва маълум нест, ки донишҷӯ барои ин амали худ чӣ ҷазо гирифт.
Дар робита ба ин қазия, Вазири маориф Имомзода Муҳаммадюсуф низ зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар ин ҳодиса бояд фарзияи ҳар ду ҷониб шунида ва таҳлили амиқ шавад.