https://sputnik.tj/20211223/tojikiston-vaksina-covid-19-1044334088.html
Тоҷикистон қариб бо ваксина таъмин шуд: вуруди боз як бастаи бузурги доруи зидди COVID-19
Тоҷикистон қариб бо ваксина таъмин шуд: вуруди боз як бастаи бузурги доруи зидди COVID-19
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон наздик ба се миллион ваксина ворид гардид
2021-12-23T09:42+0500
2021-12-23T09:42+0500
2021-12-23T13:13+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860339_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b4e10b000f22be5163caa13ad1623fe2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Боз бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, шоми 23-юми декабр дар доираи механизми COVAX вазорат боз 2 миллиону 900 ҳазор воя ваксина дарёфт кард.Гуфта мешавад, ваксинаҳои воридгашта "КоронаВак"- и чинӣ буда, онро ширкати "Синовак" тавлид мекунад.Тибқи омори вазорат, то 21 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 648 ҳазору 917 нафар аз шаҳрвандон (62%) моякӯбӣ шудаанд. Ҳамзамон то ин рӯз 2 миллиону 891 ҳазору 471 нафар (49,1 фоиз) вояи дуюмро гирифтааст.Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар умум ба 12 миллион воя ваксина ниёз дорад ва ҳамакнун 11 миллиону 400 ҳазор вояро дарёфт кардааст. Масъулини Вазорати тандурустӣ қаблан низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки ниёзи кишвар дар ҷиҳати дастрасӣ ба ваксина дар оғози соли оянда бароварда мешавад.Дар Тоҷикистон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи нави коронавирус, омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20211220/tojikiston-afrod-vaksina-qr-kod-1044272750.html
https://sputnik.tj/20211129/sinovac-vaksina-omicron-1043828028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860339_219:0:1659:1080_1920x0_80_0_0_0f3c7240fb27e998f02b356968064828.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ваксина covid-19
тоҷикистон ваксина covid-19
Тоҷикистон қариб бо ваксина таъмин шуд: вуруди боз як бастаи бузурги доруи зидди COVID-19
09:42 23.12.2021 (Навсозишуда: 13:13 23.12.2021) Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон наздик ба се миллион ваксина ворид гардид
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Боз бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шоми 23-юми декабр дар доираи механизми COVAX вазорат боз 2 миллиону 900 ҳазор воя ваксина дарёфт кард.
Гуфта мешавад, ваксинаҳои воридгашта "КоронаВак"- и чинӣ буда, онро ширкати "Синовак" тавлид мекунад.
Тибқи омори вазорат, то 21 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 648 ҳазору 917 нафар аз шаҳрвандон (62%) моякӯбӣ шудаанд.
Ҳамзамон то ин рӯз 2 миллиону 891 ҳазору 471 нафар (49,1 фоиз) вояи дуюмро гирифтааст.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар умум ба 12 миллион воя ваксина ниёз дорад ва ҳамакнун 11 миллиону 400 ҳазор вояро дарёфт кардааст.
Масъулини Вазорати тандурустӣ қаблан низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки ниёзи кишвар дар ҷиҳати дастрасӣ ба ваксина дар оғози соли оянда бароварда мешавад.
Дар Тоҷикистон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи нави коронавирус, омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.