Маълум шуд, кай барои қирғизҳои Помир дар Чон-Олой шаҳрак месозанд

© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграцииЖизнь памирских кыргызов
Жизнь памирских кыргызов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Ба ноҳияи Чон-Олой 10 миллион сому 70 гектар замин аллакай ҷудо кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Соли оянда дар ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон сохтмони шаҳраки вижа барои қирғизҳои Поимр оғоз мешавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар ин бора Худойберган Бозорбоев, вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон дар мулоқот бо қирғизҳои помири муқими деҳаи Талди-Сууи ноҳияи Олой хабар додааст.
"Президент Содир Ҷабборов қитъаи Бурғон-Сууро дар деҳоти Кашка-Сууи ноҳияи Чон-Олой ҷудо карда, барои бунёди шаҳраки махсусу кӯчонидани қирғизҳои дар Помир боқимонда ба он асос гузошт. Корҳо идома доранд", — гуфтааст Бозорбоев.
Памирские кыргызы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Нигаронии САҲА аз вазъи қирғизҳои Помир
Ба гуфтаи ӯ, имсол аз буҷаи вазорат ба ноҳияи Чон-Алой 10 миллион сом ҷудо шудааст. Инчунин кори омода кардани 70 гектар замин, тартиб додани тарҳи кулли шаҳрак ва банақшагирии меъморӣ анҷом ёфтааст.
Вазир қайд кард, ки ин иқдом ба Барномаи миллии рушди стратегии Девони Вазирони Қирғизистон то соли 2026 ворид шудааст.
Аз кӯчонидан ба Қирғизистон то додани шаҳрвандӣ: суҳбати Ҷабборов бо қирғизҳои Помир
Дар ин сафари корӣ Бозорбоев ба қирғизҳои помирӣ ба унвони кумаки башардӯстона ғизо ва либоси зимистона додааст.
Ёдорвар мешавем, пештар президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфта буд, ки мушкилоти қирғизҳои Помир ӯро доимо ба "ташвиш меорад". Ӯ дастур дода буд, ки шаҳрак бо муассисаҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ таъмин шавад.
Лентаи хабарҳо
0