Нигаронии САҲА аз вазъи қирғизҳои Помир

© Фото : пресс-сПресс-служба Государственной службы миграции КыргызстанаПамирские кыргызы, архивное фото
Памирские кыргызы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Обуна шудан
Ба қирғизҳои Помир расонидани кумакҳои башардӯстона оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз вазъи қирғизҳои Помир изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУХ Қирғизистон.
Дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Стокҳолм вазири корҳои хориҷӣ Руслан Қазоқбоев бо комиссари олии САҲА дар умури ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдраҳмонов мулоқот кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Онҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ намуда, ба хулосае омаданд, ки бояд лоиҳаҳои кумаки башардӯстонаро ба қирғизҳои Помир, ки дар шароити сахти табиию иқлимии баландкӯҳҳо дар чунин давраи душвори нооромиҳои сиёсӣ зиндагӣ мекунанд, оғоз намоянд.

Абдраҳмонов ҳамчунин қайд кардааст, ки яке аз авлавиятҳои асосии ӯ ба ҳайси комиссари олӣ рушди забонҳои миллӣ ва пешбурди таълими бисёрзабона мебошад.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Қирғизистон се роҳи ҳалли мушкили Афғонистонро пешниҳод кард: ҷабҳа намешавад
Дар ин замина аз лоиҳаи қонуни нави "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон" ҷонибдорӣ карда, омодагӣ ба расонидани кумаки коршиносон дар таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ зикр гардид, хабар медиҳад ВКХ.
Қазоқбоев ёдовар шуд, ки дар якҷоягӣ бо дафтари комиссари олӣ Консепсияи рушди шахсияти шаҳрвандии "Қирғиз Жараны" таҳия шудааст.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кӣ дар фақр ва мушкилоти Афғонистон гунаҳкор аст
Вай омодагии ҷониби Қирғизистонро барои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар заминаи эҳёи сулҳ изҳор доштааст.
Лентаи хабарҳо
0