https://sputnik.tj/20211221/safed-nashud-iftitoh-parvandai-askar-akaev-1044299903.html
Сафед нашуд: ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Аскар Акаев
Сафед нашуд: ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Аскар Акаев
Sputnik Тоҷикистон
Аскар акаев ва ҷонибдорони ӯ қаблан изҳор доштанд, ки КДАМ Қирғизистон дигар зидди ӯ даъвое надоранд ва собиқ президент куллан сафед шуд
2021-12-21T16:50+0500
2021-12-21T16:50+0500
2021-12-21T20:12+0500
сиёсат
қирғизистон
кдам
осиёи марказӣ
аскар ақаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102412/94/1024129480_0:158:1362:924_1920x0_80_0_0_662d9dba6a7313f1e234f7f6d496b91b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Хабари пурра сафед шудани нахустин президенти Қирғизистон Аскар Акаев дурӯғ баромад.КДАМ Қирғизистон мегӯяд, раисҷумҳури собиқ сафед нашудааст ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдори ӯ, Бекболот Талғарбеков гуфта буд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дигар даъвое алайҳи раиси ҷумҳурии собиқ надорад. Ӯ гуфт, Акаев пас аз бозпурсии навбатии КДАМ ҳамроҳ бо писараш ба Маскав парвоз кард.Аскар Акаев сафед шуд: Ӯ пас аз бозпурсии навбатӣ ба Русия рафтКумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид намудааст, ки "баёноти носаҳеҳи афроди алоҳида" дар бораи лағви тамоми иттиҳомот алайҳи Акаев ҷомеаро ба шубҳа водор менамояд.Кумитаи давлатӣ таъкид мекунад, ки тафтишот на танҳо идома дорад, балки алайҳи Акаев барои созишномаи генералӣ бо ширкати "Камеко" дар соли 1992 ва таҷдиди сохтори лоиҳаи "Қумтор" дар соли 2003 парвандаи нав кушода шудааст.Гуфта мешавад, Акаев ҳатто гуноҳашро эътироф намудааст ва бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ менамояд.Аскар Акаев нахустин раисҷумҳури Қирғизистон аст ва дар солҳои 1990 — 2005 бар он кишвар раёсат мекард. Вай дар пайи инқилоби мардумии соли 2005 аз раёсат барканор шуд ва Қирғизистонро тарк кард.Мардум ӯ ва хешовандону наздиконашро муттаҳам ба ғорати кишвар дар ҷараёни хусусисозии дороиҳои давлатӣ карда буданд. Қурбонбек Боқиев, ки дар пайи ин инқилоб ҷойгузини Аскар Акаев шуда буд, низ тайи як инқилоби мардумӣ дар апрели соли 2010 аз раёсат барканор ва кишварро тарк кард.Бо тағйири чанд кишвардор ҳоло дар маснади президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов қарор дорад.
https://sputnik.tj/20211214/askar-akaev-qirghiziston-parvoz-1044147348.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102412/94/1024129480_0:30:1362:1052_1920x0_80_0_0_03672ab2499c58dba46261bc24e24777.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аскар акаев кдам қирғизистон
аскар акаев кдам қирғизистон
Сафед нашуд: ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Аскар Акаев
16:50 21.12.2021 (Навсозишуда: 20:12 21.12.2021) Аскар Акаев ва ҷонибдорони ӯ қаблан изҳор карда буданд, ки КДАМ Қирғизистон дигар зидди ӯ даъвое надорад ва ӯ куллан сафед шудааст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Хабари пурра сафед шудани нахустин президенти Қирғизистон Аскар Акаев дурӯғ баромад.
КДАМ Қирғизистон мегӯяд, раисҷумҳури собиқ сафед нашудааст ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдори ӯ, Бекболот Талғарбеков гуфта буд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дигар даъвое алайҳи раиси ҷумҳурии собиқ надорад. Ӯ гуфт, Акаев пас аз бозпурсии навбатии КДАМ ҳамроҳ бо писараш ба Маскав парвоз кард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид намудааст, ки "баёноти носаҳеҳи афроди алоҳида" дар бораи лағви тамоми иттиҳомот алайҳи Акаев ҷомеаро ба шубҳа водор менамояд.
"Шахсоне, ки ба тафтишоти ҷараёндошта иртибот надоранд ва дар бораи ин қазия маълумоти муътамад надоранд, ба хотири таблиғ мардумро дидаю дониста, ба иштибоҳ меандозанд", - гуфта мешавад дар хабари кумита.
Кумитаи давлатӣ таъкид мекунад, ки тафтишот на танҳо идома дорад, балки алайҳи Акаев барои созишномаи генералӣ бо ширкати "Камеко" дар соли 1992 ва таҷдиди сохтори лоиҳаи "Қумтор" дар соли 2003 парвандаи нав кушода шудааст.
Гуфта мешавад, Акаев ҳатто гуноҳашро эътироф намудааст ва бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Аскар Акаев нахустин раисҷумҳури Қирғизистон аст ва дар солҳои 1990 — 2005 бар он кишвар раёсат мекард. Вай дар пайи инқилоби мардумии соли 2005 аз раёсат барканор шуд ва Қирғизистонро тарк кард.
Мардум ӯ ва хешовандону наздиконашро муттаҳам ба ғорати кишвар дар ҷараёни хусусисозии дороиҳои давлатӣ карда буданд. Қурбонбек Боқиев, ки дар пайи ин инқилоб ҷойгузини Аскар Акаев шуда буд, низ тайи як инқилоби мардумӣ дар апрели соли 2010 аз раёсат барканор ва кишварро тарк кард.
Бо тағйири чанд кишвардор ҳоло дар маснади президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов қарор дорад.