https://sputnik.tj/20211214/askar-akaev-qirghiziston-parvoz-1044147348.html
Ҳадафи сафари Аскар Акаев ба Қирғизистон маълум шуд
Ҳадафи сафари Аскар Акаев ба Қирғизистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури нахустини Қирғизистон субҳ, ҳамроҳи писараш ба Бишкек парвоз кард. Наздикони Акаев гуфтанд, ки ӯ чанд рӯз дар ватанаш мемонад
2021-12-14T14:35+0500
2021-12-14T14:35+0500
2021-12-14T19:54+0500
қирғизистон
бишкек
президенти собиқи қирғизистон
парвоз
аскар оқоев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102298/23/1022982398_0:130:3183:1920_1920x0_80_0_0_bf967c658e68694fd9f8de804912da7e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Аскар Акаев барои шаҳодат додан дар парвандаи "Қумтор" ба Қирғизистон парвоз кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба наздикони раисиҷумҳури собиқ.Омадани Акаев субҳи имрӯз маълум шуд. Вай бо писараш Илим аз Маскав ба Бишкек парвоз кардааст. Ба гуфтаи наздикон, Акаев бо мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои 2-3 рӯз ба Қирғизистон парвоз кардааст.Президенти собиқи Қирғизистон Аскар Акаев 16 сол пас аз инқилоби марти 2005 барои аввалин бор дар дуюми август Бишкек рафта буд.Аскар Акаев, ки дар пайгард қарор дошт, ба Бишкек оварда шудҲангоми будубош дар Ҷумҳурии Қирғизистон Акаев бо Содир Ҷабборов мулоқот кард, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ шуд, аз ватани хурди худ - ноҳияи Кемин ва инчунин вилояти Талас боздид кард.Узрхоҳии Аскав Акаев аз мардуми Қирғизистон барои "Кумтор": ӯ гуфт, гунаҳкор кист - видеоОн замон Додситонии кулли Қирғизистон гуфта буд, ки Акаев дар тафтишоти парвандаи "Қумтор" ҳамкорӣ кардааст.Қаблан Акаев дар робита ба бастани созишномаи генералӣ оид ба лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйирот ба он дар соли 1994, инчунин ҳангоми таҷдиди сохтори созишномаи генералӣ бо ширкати "Cameco" дар соли 2003 дар бораи гумонбар шудан ба коррупсия, огоҳинома гирифта буд.Ӯ чанд рӯз дар Қирғизистон монд ва қабл аз парвоз паёми видеоӣ нашр карду гуфт, ки чаро ба кишвараш баргашту иқрор шуд, ки қарордодҳо дар бораи тарҳи "Қумтор" барои ҷумҳурӣ фоидаовар набуданд. Ӯ ҳамчунин шарҳ дод, ки чаро ин санадҳо имзо шуданд.
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102298/23/1022982398_226:0:2957:2048_1920x0_80_0_0_d8d9ea6ffc179e7e08cee2c9f4bf2c4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз аскар акаев, қирғизистон, бишкек
парвоз аскар акаев, қирғизистон, бишкек
Ҳадафи сафари Аскар Акаев ба Қирғизистон маълум шуд
14:35 14.12.2021 (Навсозишуда: 19:54 14.12.2021) Раисҷумҳури нахустини Қирғизистон ин субҳ ҳамроҳи писараш ба Бишкек парвоз кард. Наздикони Акаев гуфтанд, ки ӯ чанд рӯз дар ватанаш мемонад
ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Аскар Акаев барои шаҳодат додан дар парвандаи "Қумтор" ба Қирғизистон парвоз кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба наздикони раисиҷумҳури собиқ.
Омадани Акаев субҳи имрӯз маълум шуд. Вай бо писараш Илим аз Маскав ба Бишкек парвоз кардааст. Ба гуфтаи наздикон, Акаев бо мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои 2-3 рӯз ба Қирғизистон парвоз кардааст.
"Акаев дар қазияи "Қумтор" шоҳидӣ медиҳад. Ин дафъа раисҷумҳури пешин ба Кемин намеравад, вай қасд дорад, ба ҳама суолҳои тафтишот посух диҳад", - гуфтанд наздикони Акаев.
Президенти собиқи Қирғизистон Аскар Акаев 16 сол пас аз инқилоби марти 2005 барои аввалин бор дар дуюми август Бишкек рафта буд.
Ҳангоми будубош дар Ҷумҳурии Қирғизистон Акаев бо Содир Ҷабборов мулоқот кард, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ шуд, аз ватани хурди худ - ноҳияи Кемин ва инчунин вилояти Талас боздид кард.
Он замон Додситонии кулли Қирғизистон гуфта буд, ки Акаев дар тафтишоти парвандаи "Қумтор" ҳамкорӣ кардааст.
Қаблан Акаев дар робита ба бастани созишномаи генералӣ оид ба лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйирот ба он дар соли 1994, инчунин ҳангоми таҷдиди сохтори созишномаи генералӣ бо ширкати "Cameco" дар соли 2003 дар бораи гумонбар шудан ба коррупсия, огоҳинома гирифта буд.
Ӯ чанд рӯз дар Қирғизистон монд ва қабл аз парвоз паёми видеоӣ нашр карду гуфт, ки чаро ба кишвараш баргашту иқрор шуд, ки қарордодҳо дар бораи тарҳи "Қумтор" барои ҷумҳурӣ фоидаовар набуданд. Ӯ ҳамчунин шарҳ дод, ки чаро ин санадҳо имзо шуданд.