Эълони тарҳи роҳҳое, ки дар панҷ соли оянда дар Тоҷикистон бунёд мешаванд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНовая автомобильная дорога Душанбе-Бактрия
Новая автомобильная дорога Душанбе-Бактрия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳҳоеро ном бурд, ки сохтмонашон оғоз гардидаанд ё дар ояндаи наздик бунёдашон шуруъ мешавад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Феълан татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон гуфт, дар солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд мешавад.
Ӯ афзуд, аллакай соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм – Нуробод, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт, Данғара – Левакант – Бохтар, қитъаҳои Қалъаи Хумб – Ванҷ, Қизилқалъа – Бохтар оғоз шудаанд.
Жители Восейского района в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
"Медонем мардум мушкилоти зиёд дорад": Раҳмон фаҳмонд, ки чӣ бояд кард
Дар ин феҳраст инчунин аз оғози сохтмони роҳи Бекобод – Бобоҷон Ғафуров – Конибодом, сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ, дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд, дар шаҳри Хоруғ ёдоварӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин тарҳҳоеро ном бурд, ки сохтмони онҳо дар панҷ соли оянда оғоз мегардад.
"Солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон – Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус, Данғара – Гулистон – Кӯлоб, Рӯшон – Хоруғ – Кулма, Хуҷанд – Конибодом ва Хуҷанд – Ашт оғоз мегардад", - омадааст дар паёми Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳукумат бо тамоми имкониятҳо барои ҳалли мушкилоти нақлиётӣ ва бунёду таҷдиди роҳҳо иқдом мекунад.
Лентаи хабарҳо
0