https://sputnik.tj/20211220/muhojir-sokhtmon-rusiya-1044257826.html
Боз ҷойгузин пешниҳод шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Русия меравад?
Боз ҷойгузин пешниҳод шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Русия меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия ҷустуҷӯи роҳи ҳалли яке аз мушкилиҳои асосӣ - нараcоии қувваи корӣ дар сохтмонҳоро давом медиҳанд 20.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-20T09:03+0500
2021-12-20T09:03+0500
2021-12-20T20:18+0500
муҳоҷир
сохтмон
кор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102082/86/1020828650_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_397d731f38b29e3dc0388e1a7559e528.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба ҷои муҳоҷирон бояд русҳоро аз минтақаҳои на он қадар ғанӣ ба кор дар сохтмон ҷалб кард. Дар ин бора Валерий Фадеев, раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия изҳори назар кард.Ба гуфтаи ӯ, низоми ҷалби кадрҳо дар миёни муҳоҷирон дар Русия муассир будани худро нишон додааст. Барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандонини кишвар ҳамин гуна механизм бояд ташкил карда шавад.Ин аввалин ташаббуси мақомоти Русия нест дар ин хусус нест. Мушкили камбуди кадрҳо дар сохтмонҳои ин кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, боиси ин гуна пешниҳодҳо шудааст. Масалан, Хадамоти федералии иҷрои ҷазо қаблан пешниҳод кард, ки муҳоҷиронро бо маҳбусон иваз кунанд. Ин идеяро Вазорати адлия ва ҳатто Кумитаи тафтишотӣ дастгирӣ карданд.Дар навбати худ муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин бо ташаббуси ҷалби нафақахӯрон ба кор баромад кард. Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ чунин мешуморад, ки беҳтарин роҳи ҳалл ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таълимии махсус ба лоиҳаҳои сохтмонӣ хоҳад буд.Мақомоти Маскав борҳо хоҳиши даст кашидан аз кори муҳоҷиронро изҳор кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, афзоиши маош, таҷдиди таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити роҳат ба ҷалби русҳо ба сохтмонҳо мусоидат мекунад.Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия (ФМР) Вадим Коженов бошад, бар ин назар аст, ки имрӯз иқтисоди Русия наметавонад бидуни муҳоҷирон зинда монад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло хориҷиён 10%-и аҳолии қобили кори ин кишварро ташкил медиҳанд, ки ин рақами бузург аст.Коженов бовар дорад, ки агар муҳоҷирон аз кор хориҷ карда шаванд, бисёре аз соҳаҳо хароб мешаванд."Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон холисона кор мекунанд, ҳамаашон бо кор таъминанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки кори онҳо натиҷаи худро дорад, ба ҷомеа фоида меорад. Ва ба фикрам, онҳоро аз иқтисод дур кардан ғайриимкон аст", - мегӯяд Коженов.
https://sputnik.tj/20211212/tojikiston-muhojiro-rusiya-1044099114.html
https://sputnik.tj/20211209/rusiya-2022-muhojiron-dast-mekashad-1044056788.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102082/86/1020828650_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_64003f04dc3a875abe4cca7de3cd74a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷир, сохтмон, кор, дар русия
муҳоҷир, сохтмон, кор, дар русия
Боз ҷойгузин пешниҳод шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Русия меравад?
09:03 20.12.2021 (Навсозишуда: 20:18 20.12.2021) Дар Русия ҷустуҷӯи роҳи ҳалли яке аз мушкилиҳои асосӣ - нараcоии қувваи корӣ дар сохтмонҳоро давом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба ҷои муҳоҷирон бояд русҳоро аз минтақаҳои на он қадар ғанӣ ба кор дар сохтмон ҷалб кард. Дар ин бора Валерий Фадеев, раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, низоми ҷалби кадрҳо дар миёни муҳоҷирон дар Русия муассир будани худро нишон додааст. Барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандонини кишвар ҳамин гуна механизм бояд ташкил карда шавад.
"Низоми пурқудрате вуҷуд дорад, ки ба миллионҳо муҳоҷири корӣ хидмат мерасонад. Дар минтақаҳои Русия чизе ба низоми ҷалбкунӣ монанд нест. Он бояд таъсис дода шавад", - гуфт Фадеев.
Ин аввалин ташаббуси мақомоти Русия нест дар ин хусус нест. Мушкили камбуди кадрҳо дар сохтмонҳои ин кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, боиси ин гуна пешниҳодҳо шудааст.
Масалан, Хадамоти федералии иҷрои ҷазо қаблан пешниҳод кард, ки муҳоҷиронро бо маҳбусон иваз кунанд. Ин идеяро Вазорати адлия ва ҳатто Кумитаи тафтишотӣ дастгирӣ карданд.
Дар навбати худ муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин бо ташаббуси ҷалби нафақахӯрон ба кор баромад кард.
Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ чунин мешуморад, ки беҳтарин роҳи ҳалл ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таълимии махсус ба лоиҳаҳои сохтмонӣ хоҳад буд.
Мақомоти Маскав борҳо хоҳиши даст кашидан аз кори муҳоҷиронро изҳор кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, афзоиши маош, таҷдиди таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити роҳат ба ҷалби русҳо ба сохтмонҳо мусоидат мекунад.
Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия (ФМР) Вадим Коженов бошад, бар ин назар аст, ки имрӯз иқтисоди Русия наметавонад бидуни муҳоҷирон зинда монад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло хориҷиён 10%-и аҳолии қобили кори ин кишварро ташкил медиҳанд, ки ин рақами бузург аст.
Коженов бовар дорад, ки агар муҳоҷирон аз кор хориҷ карда шаванд, бисёре аз соҳаҳо хароб мешаванд.
"Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон холисона кор мекунанд, ҳамаашон бо кор таъминанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки кори онҳо натиҷаи худро дорад, ба ҷомеа фоида меорад. Ва ба фикрам, онҳоро аз иқтисод дур кардан ғайриимкон аст", - мегӯяд Коженов.