Тоҷикистон аз рӯи шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҷои дувум қарор гирифт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМигрант убирает снег в Москве. Архивное фото
Мигрант убирает снег в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Обуна шудан
Хориҷиён ба Русия барои кор, таҳсил ва инчунин бо мақсади сайёҳӣ меоянд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ, ки соли 2021 ба Русия омадаанд, дар ҷои дувум қарор гирифт. Инро оморро Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия эълон кард.
Аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ ҳудуди як миллиону 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Русия омадааст.
Ӯзбекистон дар омори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар ҷои аввал аст.
Соли 2021 беш аз се миллион шаҳрванди ин кишвар барои кор ба Русия омадаанд. Дар зинаи баъди шаҳрвандони Қирғизистон қарор доранд. Аз ин кишвар соли ҷорӣ беш аз 600 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия сафар кардааст.
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Ҳар рӯз ҳудуди 210 тоҷикистонӣ: киҳо аз ҳама зиёд шаҳрвандии Русия мегиранд
Ҳамчунин Арманистон (қариб 300 000 нафар) ва Озарбойҷон (тақрибан 200 000 нафар) дар ҷойҳои пешсаф қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, RT хабар медиҳад, ки бештари сайёҳон ба Русия дар соли 2021 аз Беларус (30 526 нафар), Олмон (16 369 нафар), Украина (15 293 нафар), АМА (12 414 нафар) ва Қазоқистон (11 192 нафар) омадаанд.
Дар давраи муайяншуда қариб 60 ҳазор нафар ба хотири таҳсил аз Тоҷикистон ба Русия омадааст. Тақрибан ҳамин қадар сокинони Ӯзбекистон мехостанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
Лентаи хабарҳо
0