https://sputnik.tj/20211219/rohi-ohan-kulob-khudrav-chin-vazir-multimodali-1044256355.html
Бо қатор то Кӯлобу бо худравҳо то Чин: Вазир аз ташкили долони мултимодалӣ гуфт
Бо қатор то Кӯлобу бо худравҳо то Чин: Вазир аз ташкили долони мултимодалӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷику туркман ташкили интиқоли мултимодалии бор тариқи долони нақлиётии Туркманистон - Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чинро баррасӣ доранд
2021-12-19T19:20+0500
2021-12-19T19:20+0500
2021-12-20T19:55+0500
дар тоҷикистон
мошин
нақлиёт
кӯлоб
туркманистон
роҳ
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/27/1022712706_155:0:2911:1550_1920x0_80_0_0_1117c4276c19819211fca02ccc6b6b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва мақомоти туркман кушодани долони нақлиётии мултимодалии Туркманистон - Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин ва баръаксро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, тибқи ин тарҳ, ташкили интиқоли мултимодалии бор тавассути нақлиёти роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва сипас тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Чин пешбинӣ гардидааст.Вазир изҳор доштааст, ки иқтидори боркунӣ ва борфарории истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва пойгоҳи боркашонии он дар як шабонарӯз тахминан 3600 тоннаро ташкил медиҳанд. Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Азим Иброҳим овардааст, ки ин иқтидор ва мавҷудияти майдончаи боркунию борфарорӣ дар масоҳати 7 га, 5 хатти роҳи оҳан ва дидбонгоҳи гумрукӣ шароити мусоидро барои амалисозии ҳадафҳо фароҳам месозанд. Дар мавриди созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон, ки ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард, вазири нақлиёт изҳор дошт, ки имкониятҳои ҷадидро фароҳам мекунад. Ба гуфтаи вазири Тоҷикистон, интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ тавассути Туркманистон борро асосан ба Эрон, Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон интиқол медиҳанд. Ӯ афзуд, бо қабули созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон имконияти бештари баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо бо истифода аз бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Хазар пайдо мешавад. Азим Иброҳим таъкид намуд, ки масири нақлиётӣ тавассути ҳудуди Туркманистон барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли мултимодалӣ кӯтоҳу мусоид мебошад.
https://sputnik.tj/20211219/vakil-poru-chorvo-asfaltpush-jumhuri-1044249729.html
кӯлоб
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/27/1022712706_499:0:2566:1550_1920x0_80_0_0_361bc8e92ac89fbf856c009067294446.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бор, нақлиёт, туркманистон, тоҷикистон, ӯзбекистон
бор, нақлиёт, туркманистон, тоҷикистон, ӯзбекистон
Бо қатор то Кӯлобу бо худравҳо то Чин: Вазир аз ташкили долони мултимодалӣ гуфт
19:20 19.12.2021 (Навсозишуда: 19:55 20.12.2021) Мақомоти тоҷику туркман ташкили интиқоли мултимодалии бор аз тариқи долони нақлиётии Туркманистон - Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чинро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва мақомоти туркман кушодани долони нақлиётии мултимодалии Туркманистон - Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин ва баръаксро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, тибқи ин тарҳ, ташкили интиқоли мултимодалии бор тавассути нақлиёти роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва сипас тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Чин пешбинӣ гардидааст.
Вазир изҳор доштааст, ки иқтидори боркунӣ ва борфарории истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва пойгоҳи боркашонии он дар як шабонарӯз тахминан 3600 тоннаро ташкил медиҳанд.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Азим Иброҳим овардааст, ки ин иқтидор ва мавҷудияти майдончаи боркунию борфарорӣ дар масоҳати 7 га, 5 хатти роҳи оҳан ва дидбонгоҳи гумрукӣ шароити мусоидро барои амалисозии ҳадафҳо фароҳам месозанд.
Дар мавриди созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон, ки ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард, вазири нақлиёт изҳор дошт, ки имкониятҳои ҷадидро фароҳам мекунад.
Ба гуфтаи вазири Тоҷикистон, интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ тавассути Туркманистон борро асосан ба Эрон, Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон интиқол медиҳанд.
Ӯ афзуд, бо қабули созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон имконияти бештари баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо бо истифода аз бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Хазар пайдо мешавад.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки масири нақлиётӣ тавассути ҳудуди Туркманистон барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли мултимодалӣ кӯтоҳу мусоид мебошад.