https://sputnik.tj/20211219/vakil-poru-chorvo-asfaltpush-jumhuri-1044249729.html
Вакил гуфт, чӣ гуна поруи чорво роҳҳои мумфарши Тоҷикистонро хароб мекунад
Вакил гуфт, чӣ гуна поруи чорво роҳҳои мумфарши Тоҷикистонро хароб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз мақомоти нақлиёти кишвар хост, идораи истифодаи роҳҳоро тавре роҳоандозӣ намоянд, ки муҳлати хидматаш бештар мешаванд
2021-12-19T13:05+0500
2021-12-19T13:05+0500
2021-12-20T18:47+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
танзим
сохтмон
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/84/1030258476_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_6119d66b51e061440732472d0d8fa3ab.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Усмонзода, ки роҳбарии Ҳизби демократии Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад, дар ҷаласаи ахири парлумон аз истифодаи чорводорон аз ин роҳҳо гуфт, ки онҳоро хароб мекунанд. Вакил зимни баррасии бунёди роҳҳои нав дар ҳузури мақомдорони бахши нақлиёти ҷумҳурӣ тавзеҳ дод, ки чӣ гуна чорво муҳлати хидмати роҳҳои навбунёдро кам мекунад. "Чун роҳ сохта шуд, ба хотири ба чарогоҳ бурдану овардани чорво аз он истифода мешавад. Вақте чорво аз роҳи мумфарш гузар кунад, аз худ пору боқӣ мегузорад, ки туршии он боиси вайроншавии мум мегардад", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Усмонзода. Ӯ таъкид намудааст, ки дар чунин ҳолатҳо роҳ ба ҷои 40 сол хизмат кардан дар 10 сол вайрон мешавад. "Хуб мешуд, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ механизми идоракунии роҳро дуруст танзим намояд, то муҳлати истифодаи он бештар гардад", - маслиҳат дод вакил. Дар парлумон зикр шуд, дар Тоҷикистон корхонаи махсус фаъолият дорад, ки ба интиқоли чорво ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона машғул аст ва ҳатман ин нуктаро ба назар хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20211127/namoish-chorvoi-tojikiston-vazorat-busu-gusfand-1043803130.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/84/1030258476_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f44d233774eb0421b10a07df04d2d813.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чорво, пору, вакил, парлумон, маҷлиси намояндагон
чорво, пору, вакил, парлумон, маҷлиси намояндагон
Вакил гуфт, чӣ гуна поруи чорво роҳҳои мумфарши Тоҷикистонро хароб мекунад
13:05 19.12.2021 (Навсозишуда: 18:47 20.12.2021) Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз мақомоти нақлиёти кишвар хост, идораи истифодаи роҳҳоро тавре роҳандозӣ намоянд, ки муҳлати хидматашон бештар шавад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Усмонзода, ки роҳбарии Ҳизби демократии Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад, дар ҷаласаи ахири парлумон аз истифодаи чорводорон аз ин роҳҳо гуфт, ки онҳоро хароб мекунанд.
Вакил зимни баррасии бунёди роҳҳои нав дар ҳузури мақомдорони бахши нақлиёти ҷумҳурӣ тавзеҳ дод, ки чӣ гуна чорво муҳлати хидмати роҳҳои навбунёдро кам мекунад.
"Чун роҳ сохта шуд, ба хотири ба чарогоҳ бурдану овардани чорво аз он истифода мешавад. Вақте чорво аз роҳи мумфарш гузар кунад, аз худ пору боқӣ мегузорад, ки туршии он боиси вайроншавии мум мегардад", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Усмонзода.
Ӯ таъкид намудааст, ки дар чунин ҳолатҳо роҳ ба ҷои 40 сол хизмат кардан дар 10 сол вайрон мешавад.
"Хуб мешуд, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ механизми идоракунии роҳро дуруст танзим намояд, то муҳлати истифодаи он бештар гардад", - маслиҳат дод вакил.
Дар парлумон зикр шуд, дар Тоҷикистон корхонаи махсус фаъолият дорад, ки ба интиқоли чорво ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона машғул аст ва ҳатман ин нуктаро ба назар хоҳад гирифт.