https://sputnik.tj/20211214/talosh-jilavgiri-suquti-arzishi-afghoni-bonki-markazi-1044154370.html
Талош барои ҷилавгирӣ аз суқути арзиши афғонӣ тавасути бонки марказӣ ҷараён дорад
Талош барои ҷилавгирӣ аз суқути арзиши афғонӣ тавасути бонки марказӣ ҷараён дорад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии эълом кард, ки талошҳо дар ҷиҳати моҳири суқути арзиши пули афғонӣ ва навасоноти арзи ҷараён дорад
2021-12-14T17:55+0500
2021-12-14T17:55+0500
2021-12-14T22:22+0500
бонк
афғонистон
пули миллӣ
суқут
афғонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771060_0:98:3292:1950_1920x0_80_0_0_2b8781d7dddc14c8c5c007f1c8fb37b1.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар эъломияе, ки Бонки марказии ҳукумати толибҳо мунташир кард, гуфта шудааст, ки талошҳо дар ҷиҳати коҳиши суқути пули афғонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва навасоноти арзӣ, ки қудрати хариди мардумро муттазарир месозад, ҷараён дорад.Масъулини ин бонк афзуданд, ки бо тамоми ниҳодҳои марбута барои беҳбуди вазъи пули Афғонистон кор мекунад.Аз сӯйи дигар Иттиҳодияи саррофони Саройи Шоҳзода низ аз оғози талошҳо барои ба эътидол овардани қурби асъор хабар дод ва гуфт, ки бо масъулони Бонки марказии ҳукумати толибон мулоқоте доштаанд.Аммо бо поин рафтани қурби афғонӣ дар баробари доллар қимати ашёи хом низ боло рафт, ки мардум қобилияти харидории худро аз даст додаанд.Ба тозагӣ Утоқи пешаварон ва дукондорон низ эълом кардааст, ки ба далели афзоиши бесобиқаи қимати орд ва гази моеъ қимати як нон аз 10 ба 15 афғонӣ хоҳад расид.Дар ҳоли ҳозир арзиши як доллари амрикоӣ дар бозори марказии асъор аз 125 афғонӣ ҳам бештар шудааст.
https://sputnik.tj/20211208/suquti-afghoni-muqobili-dollar-afghoniston-bearzish-1044009058.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771060_238:0:2969:2048_1920x0_80_0_0_f3b5767b1f105aa52ebb516e7133815f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, талош, ҷилавгирӣ, суқут, афғонӣ, арзиши пул
афғонистон, талош, ҷилавгирӣ, суқут, афғонӣ, арзиши пул
Талош барои ҷилавгирӣ аз суқути арзиши афғонӣ тавасути бонки марказӣ ҷараён дорад
17:55 14.12.2021 (Навсозишуда: 22:22 14.12.2021) Бонки марказии Афғонистон эълом кард, ки талошҳо дар ҷиҳати суқути арзиши пули афғонӣ ва навасоноти арзӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар эъломияе, ки Бонки марказии ҳукумати толибҳо мунташир кард, гуфта шудааст, ки талошҳо дар ҷиҳати коҳиши суқути пули афғонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва навасоноти арзӣ, ки қудрати хариди мардумро муттазарир месозад, ҷараён дорад.
Масъулини ин бонк афзуданд, ки бо тамоми ниҳодҳои марбута барои беҳбуди вазъи пули Афғонистон кор мекунад.
Аз сӯйи дигар Иттиҳодияи саррофони Саройи Шоҳзода низ аз оғози талошҳо барои ба эътидол овардани қурби асъор хабар дод ва гуфт, ки бо масъулони Бонки марказии ҳукумати толибон мулоқоте доштаанд.
Аммо бо поин рафтани қурби афғонӣ дар баробари доллар қимати ашёи хом низ боло рафт, ки мардум қобилияти харидории худро аз даст додаанд.
Ба тозагӣ Утоқи пешаварон ва дукондорон низ эълом кардааст, ки ба далели афзоиши бесобиқаи қимати орд ва гази моеъ қимати як нон аз 10 ба 15 афғонӣ хоҳад расид.
Дар ҳоли ҳозир арзиши як доллари амрикоӣ дар бозори марказии асъор аз 125 афғонӣ ҳам бештар шудааст.