https://sputnik.tj/20211208/suquti-afghoni-muqobili-dollar-afghoniston-bearzish-1044009058.html
Суқути афғонӣ дар муқобили доллар: чаро пули миллии Афғонистон беарзиш шуд?
Суқути афғонӣ дар муқобили доллар: чаро пули миллии Афғонистон беарзиш шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Суқути арзиши пулии миллӣ дар Афғонистон бо суръат идома доард
2021-12-08T09:00+0500
2021-12-08T09:00+0500
2021-12-08T11:33+0500
афғонистон
бозори арз
доллар
пули миллӣ
қурб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041769063_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_d084db176eae8a82b9625be874bde355.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Фаҳим Зирак, сухангӯи Иттиҳоди саррофони Афғонистон ахиран дар суҳбат бо расонаҳо таъйид кардааст, ки арзиши пули миллӣ дар ин кишвар боз поин рафтааст ва ҳар як доллари Амрико 99,3 афғонӣ мубодила мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.Оқои Зирак қайд кардааст, ки болоравии арзиши доллар дар муқобили афғонӣ ба далели камбуди доллар дар бозори арз сурат гирифтааст.Вай ҳамчунин бетафовутии Бонки марказии давлатии ҳукумати толибон нисбат ба коҳиши арзиши пули миллиро аз дигар далелҳои суқути қимати доллар хонд.Дар ҳамин ҳол дар баробари болоравии арзиши доллар дар бозори арзи Афғонистон нархи маводи аввалия дар бозорҳо низ ба далели ин ки маводи воридотӣ бо доллар харидорӣ мешавад, афзоиш меёбад.Аз замони ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон болоравии бесобиқаи доллар нисбати афғонӣ ба назар мерасад. Далели аслии он масдуд шудани ҳудуди 10 миллиард доллар сармояи Бонки марказӣ таввасути давлати Амрико, қатъи кумакҳои хориҷӣ ба Афғонистон ва арзаи пули афғонӣ таввассути бонкҳо ба муштариёнаш гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20211207/soleh-bonk-khususi-afghoniston-muflis-firori-1044007209.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041769063_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_11c8de252dabfe9e1720ab060cf696e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, суқут, доллар, афғонӣ, берзиш, бозори арз
афғонистон, суқут, доллар, афғонӣ, берзиш, бозори арз
Суқути афғонӣ дар муқобили доллар: чаро пули миллии Афғонистон беарзиш шуд?
09:00 08.12.2021 (Навсозишуда: 11:33 08.12.2021) Суқути арзиши пулии миллӣ дар Афғонистон бо суръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Фаҳим Зирак, сухангӯи Иттиҳоди саррофони Афғонистон ахиран дар суҳбат бо расонаҳо таъйид кардааст, ки арзиши пули миллӣ дар ин кишвар боз поин рафтааст ва ҳар як доллари Амрико 99,3 афғонӣ мубодила мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Оқои Зирак қайд кардааст, ки болоравии арзиши доллар дар муқобили афғонӣ ба далели камбуди доллар дар бозори арз сурат гирифтааст.
Вай ҳамчунин бетафовутии Бонки марказии давлатии ҳукумати толибон нисбат ба коҳиши арзиши пули миллиро аз дигар далелҳои суқути қимати доллар хонд.
Дар ҳамин ҳол дар баробари болоравии арзиши доллар дар бозори арзи Афғонистон нархи маводи аввалия дар бозорҳо низ ба далели ин ки маводи воридотӣ бо доллар харидорӣ мешавад, афзоиш меёбад.
Аз замони ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон болоравии бесобиқаи доллар нисбати афғонӣ ба назар мерасад. Далели аслии он масдуд шудани ҳудуди 10 миллиард доллар сармояи Бонки марказӣ таввасути давлати Амрико, қатъи кумакҳои хориҷӣ ба Афғонистон ва арзаи пули афғонӣ таввассути бонкҳо ба муштариёнаш гуфта мешавад.