https://sputnik.tj/20211214/mushkiloti-faromillii-afghoniston-amvoji-terrorizm-dar-osiyoi-miyona-1044146331.html
Мушкилоти фаромиллии Афғонистон: амвоҷи терроризм дар Осиёи Миёна
Мушкилоти фаромиллии Афғонистон: амвоҷи терроризм дар Осиёи Миёна
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо муборизаи мусаллахонаи худро бар зидди аксарияти аҳолии Афгонистон, бештар дар вилоятхои шимол, ки асосан тоҷикону ӯзбекон зиндагӣ мекунанд, идома медиханд
2021-12-14T13:50+0500
2021-12-14T13:50+0500
2021-12-14T19:38+0500
афғонистон
толибон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
мушкилот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_87a005737612d64818f128461a20c7ff.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳамзамон бо таҳкими қудрати Толибон дар Афғонистон фаъолияти терористии "Давлати исломӣ"* ҳам дар он кишвар афзоиш ёфта ва қаламрави Узбакистонро ҳадаф мегирад.Ҳукумати нави Афгонистон ба усулҳои саркӯб кардану зӯроварӣ такя мекунад. Толибҳо дар мусоидати паштунҳо ба ихроҷи иҷбории беш аз ҳазорҳо ҳамватанони узбактабору туркманҳо аз хонаҳояшон, ки дар авохири моҳи ноябр дар минтақаи Дарзоб ва Қӯштеппа (вулусволии Ҷузҷон) сурат гирифт, муттаҳам мешаванд. Гап сари тасарруфи беш аз 8000 гектар замио аз сӯйи паштунҳо меравад, ки дар тӯли садсолаҳо дар ихтиёри ҷамъиятҳои ӯзбеку туркман буданд.Зулм бар сари ӯзбекҳо пас аз он оғоз шуд, ки толибҳо дар панҷ вилоят садҳо хонаводаи шиамазҳаби ҳазораҳоро аз хонаҳояшон ихроҷи маҷбурӣ карданд. Аз ибтидои моҳи сентябр ин ҷараёни “инқилобӣ”-и тақсимоти моликият ба ташвиқи ҷонибдорони гурӯҳ (паштунҳо) ва муҷозоти дастаҷамъонаи мухолифон (асосан узбакон, тоҷикон, ҳазорҳо) равона шудааст. Мақомоти вилоят дар баробари дифоъ аз манфиатҳои як миллат ба арзу шикояти мардум посух намедиҳанд.Толибҳо шумораи афғонистониҳои норозиро, ки ба сафи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ”* мепайванданд, зиёд карданд. Дар се моҳи охир гурӯҳи минтақавии ДИИШ* (Вилояти Хуросон) фаъолияти террористиро дар Афғонистон ба маротиб афзоиш дода, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ташкили бахши сохторӣ шуруъ кардааст.Ҷабр бар сари мардуми узбактабор аз тарафи толибҳо дар Афғонистон замина барои густариши нуфузи идеологӣ ва рушди ДИИШ дар Ӯзбекистон мебошад, ки исломгароён онро ҳамчун як заминаи умедбахш медонанд. Исломгароён аз нияти барнагаштани Тошканд ба СААД ва истифода набурдан аз абзори низомии мавҷудаи низомии Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ хушбин ҳастанд. Қаблан Ӯзбекистон афзалияти дипломатияро "дар муқовимат ба чолишҳо" муайян карда, бо Иморати Исломии Афғонистони иэътирофнашуда бо муваффақият ҳамкорӣ дорад.Вазъро фаъолияти гурӯҳи “Ал-қоида”*, ки бо толибҳо наздикӣ дорад. Тақрибан ду ҳазор ҷангҷӯи ин созмони террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҷамъ омадаанд. Дар чаҳорчӯби Созишномаи Доҳа аз 29 феврали соли 2020, толибон бояд равобитро бо “Ал-қоида”* қатъ намоянд, аммо ин ҳам иҷро нашуд ва дар оянда ҳам ғайриимкон аст.Таркишҳо дар Кобул, тирпарронӣ дар ПанҷшерАфғонистон ба давлати динӣ-миллатгаро (паштунҳо) табдил меёбад, ки наметавонад манфиатҳои ҳамаи 80 миллату ақалиятҳои ин кишварро дар бар гирад. Ин муноқишаи бунёдӣ кишварро ба нооромӣ мебараду, афзоиши фаъолияти террористони “байналмилалӣ” афзоиш медиҳад. Ин вазъ ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҳеҷ хубие надорад.Дар пойтахти Афғонистон ҷангҷӯёни ДИИШ* рӯзи 10 декабр се ҳамлаи террористӣ анҷом доданд. Чандин нафар кушта шуд. Инфиҷорҳо дар Кобул ва вилоятҳо аз бемувафақиятии ҳукумати нав шаҳодат медиҳанд.Дар манотиқи дурдаст "рақибони" ДИИШ* аксар вақт ба минтақаҳои зерери контроли толибон ҳамла мекунанд. Ҳатто раҳбарони ин гурӯҳро ба қатл мерасонанд. Ахиран чунин як ҳодиса рӯзи 8 декабр дар вилояти Бадахшони шимолу шарқи Афғонистон рух дод. Гузашта аз ин, худи толибон, вақте ки аъзоёни ДИИШ* дар моҳи август аз маҳбасҳо ба таври оммавӣ раҳо шуданд, ба ДИИШ* "нафаси тоза” бахшиданд.Нашрияи байналмилалии “Militant Wire” навиштааст, ки бахши минтақавии ДИИШ* (Вилояти Хуросон) дар Ӯзбекистон чанд шабакаи худро фаъол кардааст ва ҳоло “Тошканд”- ро ҳадаф гирифтааст.Идеологияи ҳукмрон: толибон нисбати ӯзбекҳои этникӣ, ки аз рӯзҳои аввали ДИИШ аз “ҷиҳод” дар Ироқ, Сурия ва дигар нуқтаҳо пуштибонӣ мекарданд, душманӣ доранд. Толибон дар ҷанги иттилоотӣ дар ҳоли шикаст қарор доранд. Таблиғгарони ДИИШ* тавонистанд ба ҳазорон ҷиҳодиёни оддии афғонистонӣ собит кунанд, ки ҳукумати “аморат” “фоҳишаҳои амрикоӣ” мебошанд.Аз тарафи дигар, “Ал-Қоида”* Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба ислом душманӣ дорад, фаъолона танқид мекунад. Ин гурӯҳ панҷ узви доимии СММ - Чин, Фаронса, Русия, Бритониё ва ИМА -ро "бузургтарин ҷинояткорони рӯи замин хонд. Деги Ағонистон меҷӯшад ва он ҳар лаҳза метавонад битаркад.Дар ин замина барқарор намудани нерӯҳои ҳавоии толибон (на иқтисод) ва баргардонидани пайваста ба Афғонистон ҳавопаймоҳои рабудашуда дар моҳи август, нигаронкунанда аст.Ҳамин тавр, дар авоили моҳи декабр муовини раиси ҳукумати муваққати толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар бори дигар аз Ӯзбекистон даъват кард, ки ҳавопаймоҳо ва чархболҳоеро, ки халабонҳои фирории афғон пас аз сарнагун шудани ҳукумати қаблӣ ба ин кишвар фирор карда буданд, баргардонад. Таҷрибаи тӯлонии амалиёти Пентагон ва НАТО дар Афғонистон нишон дод, ки ҳавопаймои ҷангӣ барои мубориза бо дастаҳои чирикӣ амалан бефоида аст. Ҳанӯз ҳадафи нерӯҳои ҳавоии толибон маълум нест.Бо вуҷуди он тамоми хатарҳо аз афзоиши нуфузи ДИИШ дар кишвар, толибон наметавонад муқовимати эътилофи шимолиро таҳти фармондеҳии Аҳмади Масъуд ва ноиби раисҷумҳури собиқ Амрулло Солеҳ нодида бигирад. Ҷабҳа қисми зиёди дараи Панҷшерро таҳти назорат доранд, ки дар онҷо задухӯрдҳои шадид идома доранд. Шояд Толибон дар он ҷо ба ҳавопаймоҳои зарбазан ниёз дошта бошанд.13 декабр дар Тошканд ҷаласаи нахустини Муколамаи шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва ИМА баргузор шуд. Муносибатҳо сегонаи Кобул—Тошкант—Вашингтон дар оянда чӣ гуна хоҳад буд мо намедонем. Албатта, Ӯзбакестон бо машқҳои душвори ҳарбию дипломатӣ рӯ ба рӯ аст.Бо вуҷуди ин, бояд авлавият ба таҳкими амнияти минтақавӣ дода шавад ва ҳамгироӣ бо кишварҳои СААД, ки як нерӯи воқеии минтақа аст татбиқ карда шавад. Дар давоми ду даҳсола "шарикони" амрикоӣ тавоноии худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ комилан ошкор карданд.*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211213/muloqot-diplomatho-khorij-afghoniston-man-1044119710.html
https://sputnik.tj/20211214/shi-islomobod-umed-tolibon-norozigi-jabha-1044129584.html
https://sputnik.tj/20211210/amriko-pas-az-ba-qudrat-rasidani-tolibon-dar-afghoniston-huzuri-al-qoida-tavsea-yoftaast-1044072198.html
https://sputnik.tj/20211208/qurayshi-tolibon-taomuli-sozanda-barqaror-1044028463.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_f3c544262e271d46e5dc6dfc9449a532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
афғонистон, толибон, мубориза, ӯзбекистон, зиндагӣ, мушкилот
афғонистон, толибон, мубориза, ӯзбекистон, зиндагӣ, мушкилот
Мушкилоти фаромиллии Афғонистон: амвоҷи терроризм дар Осиёи Миёна
13:50 14.12.2021 (Навсозишуда: 19:38 14.12.2021) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Толибҳо муборизаи мусаллаҳонаи худро бар зидди аксарияти аҳолии Афгонистон, бештар дар вилоятҳои шимолӣ, ки асосан тоҷикону ӯзбекон зиндагӣ мекунанд, идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳамзамон бо таҳкими қудрати Толибон дар Афғонистон фаъолияти терористии "Давлати исломӣ"* ҳам дар он кишвар афзоиш ёфта ва қаламрави Узбакистонро ҳадаф мегирад.
Ҳукумати нави Афгонистон ба усулҳои саркӯб кардану зӯроварӣ такя мекунад. Толибҳо дар мусоидати паштунҳо ба ихроҷи иҷбории беш аз ҳазорҳо ҳамватанони узбактабору туркманҳо аз хонаҳояшон, ки дар авохири моҳи ноябр дар минтақаи Дарзоб ва Қӯштеппа (вулусволии Ҷузҷон) сурат гирифт, муттаҳам мешаванд. Гап сари тасарруфи беш аз 8000 гектар замио аз сӯйи паштунҳо меравад, ки дар тӯли садсолаҳо дар ихтиёри ҷамъиятҳои ӯзбеку туркман буданд.
Зулм бар сари ӯзбекҳо пас аз он оғоз шуд, ки толибҳо дар панҷ вилоят садҳо хонаводаи шиамазҳаби ҳазораҳоро аз хонаҳояшон ихроҷи маҷбурӣ карданд. Аз ибтидои моҳи сентябр ин ҷараёни “инқилобӣ”-и тақсимоти моликият ба ташвиқи ҷонибдорони гурӯҳ (паштунҳо) ва муҷозоти дастаҷамъонаи мухолифон (асосан узбакон, тоҷикон, ҳазорҳо) равона шудааст. Мақомоти вилоят дар баробари дифоъ аз манфиатҳои як миллат ба арзу шикояти мардум посух намедиҳанд.
Толибҳо шумораи афғонистониҳои норозиро, ки ба сафи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ”* мепайванданд, зиёд карданд. Дар се моҳи охир гурӯҳи минтақавии ДИИШ* (Вилояти Хуросон) фаъолияти террористиро дар Афғонистон ба маротиб афзоиш дода, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ташкили бахши сохторӣ шуруъ кардааст.
Ҷабр бар сари мардуми узбактабор аз тарафи толибҳо дар Афғонистон замина барои густариши нуфузи идеологӣ ва рушди ДИИШ дар Ӯзбекистон мебошад, ки исломгароён онро ҳамчун як заминаи умедбахш медонанд. Исломгароён аз нияти барнагаштани Тошканд ба СААД ва истифода набурдан аз абзори низомии мавҷудаи низомии Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ хушбин ҳастанд. Қаблан Ӯзбекистон афзалияти дипломатияро "дар муқовимат ба чолишҳо" муайян карда, бо Иморати Исломии Афғонистони иэътирофнашуда бо муваффақият ҳамкорӣ дорад.
Вазъро фаъолияти гурӯҳи “Ал-қоида”*, ки бо толибҳо наздикӣ дорад. Тақрибан ду ҳазор ҷангҷӯи ин созмони террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҷамъ омадаанд. Дар чаҳорчӯби Созишномаи Доҳа аз 29 феврали соли 2020, толибон бояд равобитро бо “Ал-қоида”* қатъ намоянд, аммо ин ҳам иҷро нашуд ва дар оянда ҳам ғайриимкон аст.
Таркишҳо дар Кобул, тирпарронӣ дар Панҷшер
Афғонистон ба давлати динӣ-миллатгаро (паштунҳо) табдил меёбад, ки наметавонад манфиатҳои ҳамаи 80 миллату ақалиятҳои ин кишварро дар бар гирад. Ин муноқишаи бунёдӣ кишварро ба нооромӣ мебараду, афзоиши фаъолияти террористони “байналмилалӣ” афзоиш медиҳад. Ин вазъ ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҳеҷ хубие надорад.
Дар пойтахти Афғонистон ҷангҷӯёни ДИИШ* рӯзи 10 декабр се ҳамлаи террористӣ анҷом доданд. Чандин нафар кушта шуд. Инфиҷорҳо дар Кобул ва вилоятҳо аз бемувафақиятии ҳукумати нав шаҳодат медиҳанд.
Дар манотиқи дурдаст "рақибони" ДИИШ* аксар вақт ба минтақаҳои зерери контроли толибон ҳамла мекунанд. Ҳатто раҳбарони ин гурӯҳро ба қатл мерасонанд. Ахиран чунин як ҳодиса рӯзи 8 декабр дар вилояти Бадахшони шимолу шарқи Афғонистон рух дод. Гузашта аз ин, худи толибон, вақте ки аъзоёни ДИИШ* дар моҳи август аз маҳбасҳо ба таври оммавӣ раҳо шуданд, ба ДИИШ* "нафаси тоза” бахшиданд.
Нашрияи байналмилалии “Militant Wire” навиштааст, ки бахши минтақавии ДИИШ* (Вилояти Хуросон) дар Ӯзбекистон чанд шабакаи худро фаъол кардааст ва ҳоло “Тошканд”- ро ҳадаф гирифтааст.
Идеологияи ҳукмрон: толибон нисбати ӯзбекҳои этникӣ, ки аз рӯзҳои аввали ДИИШ аз “ҷиҳод” дар Ироқ, Сурия ва дигар нуқтаҳо пуштибонӣ мекарданд, душманӣ доранд. Толибон дар ҷанги иттилоотӣ дар ҳоли шикаст қарор доранд. Таблиғгарони ДИИШ* тавонистанд ба ҳазорон ҷиҳодиёни оддии афғонистонӣ собит кунанд, ки ҳукумати “аморат” “фоҳишаҳои амрикоӣ” мебошанд.
Аз тарафи дигар, “Ал-Қоида”* Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба ислом душманӣ дорад, фаъолона танқид мекунад. Ин гурӯҳ панҷ узви доимии СММ - Чин, Фаронса, Русия, Бритониё ва ИМА -ро "бузургтарин ҷинояткорони рӯи замин хонд. Деги Ағонистон меҷӯшад ва он ҳар лаҳза метавонад битаркад.
Дар ин замина барқарор намудани нерӯҳои ҳавоии толибон (на иқтисод) ва баргардонидани пайваста ба Афғонистон ҳавопаймоҳои рабудашуда дар моҳи август, нигаронкунанда аст.
Ҳамин тавр, дар авоили моҳи декабр муовини раиси ҳукумати муваққати толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар бори дигар аз Ӯзбекистон даъват кард, ки ҳавопаймоҳо ва чархболҳоеро, ки халабонҳои фирории афғон пас аз сарнагун шудани ҳукумати қаблӣ ба ин кишвар фирор карда буданд, баргардонад. Таҷрибаи тӯлонии амалиёти Пентагон ва НАТО дар Афғонистон нишон дод, ки ҳавопаймои ҷангӣ барои мубориза бо дастаҳои чирикӣ амалан бефоида аст. Ҳанӯз ҳадафи нерӯҳои ҳавоии толибон маълум нест.
Бо вуҷуди он тамоми хатарҳо аз афзоиши нуфузи ДИИШ дар кишвар, толибон наметавонад муқовимати эътилофи шимолиро таҳти фармондеҳии Аҳмади Масъуд ва ноиби раисҷумҳури собиқ Амрулло Солеҳ нодида бигирад. Ҷабҳа қисми зиёди дараи Панҷшерро таҳти назорат доранд, ки дар онҷо задухӯрдҳои шадид идома доранд. Шояд Толибон дар он ҷо ба ҳавопаймоҳои зарбазан ниёз дошта бошанд.
13 декабр дар Тошканд ҷаласаи нахустини Муколамаи шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва ИМА баргузор шуд. Муносибатҳо сегонаи Кобул—Тошкант—Вашингтон дар оянда чӣ гуна хоҳад буд мо намедонем. Албатта, Ӯзбакестон бо машқҳои душвори ҳарбию дипломатӣ рӯ ба рӯ аст.
Бо вуҷуди ин, бояд авлавият ба таҳкими амнияти минтақавӣ дода шавад ва ҳамгироӣ бо кишварҳои СААД, ки як нерӯи воқеии минтақа аст татбиқ карда шавад. Дар давоми ду даҳсола "шарикони" амрикоӣ тавоноии худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ комилан ошкор карданд.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон