https://sputnik.tj/20211214/shi-islomobod-umed-tolibon-norozigi-jabha-1044129584.html
Нишасти СҲИ дар Исломобод доир мешавад: аз умеди толибон то норозигии Ҷабҳаи муқовимат
Нишасти СҲИ дар Исломобод доир мешавад: аз умеди толибон то норозигии Ҷабҳаи муқовимат
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маркази тадқиқот ва стротежии вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳониён дар дастури муҳими ин нишаст аст
2021-12-14T09:03+0500
2021-12-14T09:03+0500
2021-12-14T18:43+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
афғонистон
толибон
сҳи
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102542/92/1025429205_0:90:3323:1959_1920x0_80_0_0_9b3ad274f8e205657e5af5a50f270640.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳафтаи оянда дар Исломобод нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад, хабар медиҳад "TOLOnews". Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки толибон ба ин нишаст даъват шудаанд ва дар ин нишаст иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷа ширкат хоҳад кард.Намояндаи Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳон аз ҷумлаи масоили муҳими рӯзномаи ҷаласа аст. Дар ҳамин ҳол шуморе аз сиёсатмадорон нишасти Исломободро барои Афғонистон муҳим медонанд. Аз сӯйи дигар расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки ба ҷуз аз вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲИ, намояндагони Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва намояндагони кишварҳои кумаккунанда низ ба нишаст даъват шудаанд. Аммо Покистон барои мизбонии ин ҳамоиш чӣ мехоҳад? Тоҳир Хон, рӯзноманигори покистонӣ гуфтааст, ки Покистон мехоҳад кишварҳои сарватманд ба Афғонистон кумак ва аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Сайидисҳоқи Гелонӣ, раҳбари Ҷунбиши ҳамбастагии Афғонистон низ ин нишастро муҳим хонд. "Бисёре аз кишварҳои исломӣ бо Афғонистон равобит надоранд. Умедворам, ки ин кишварҳо равобити худро эҳё мекунанд ва тасмими дастаҷамъона дар мавриди ба расмият шинохтани Афғонистон мегиранд", - гуфтааст ӯ. Қаблан толибон аз кишварҳои узви СҲИ даъват карда буданд, ки онҳоро ба расмият шиносанд ва ҳимоят кунанд.Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон бошад, дар баёнияе аз нишасти Шӯрои вазирони СҲИ истиқбол ва таъкид кардааст, ки ин шӯро набояд аз қонунӣ шудани низоми толибон, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст, ҳимоят кунад. Дар изҳорот омадааст, ки Ҷабҳаи муқовимат бар ин назар аст, ки чунин як конфронси муҳим бояд дар ҷои дигаре ба ҷуз Покистон баргузор шавад, ки ба вазъи фоҷиабори Афғонистон ва ранҷу азоби мардуми он рабте надорад.
https://sputnik.tj/20211202/shikast-tolibon-izhorot-aghbar-1043898747.html
https://sputnik.tj/20211123/kumak-ittihod-avrupo-tolibon-1043710748.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102542/92/1025429205_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_9565e3c3ac66dd7ab5005c40fe052031.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишаст сҳи исломобод толибон ҷабҳа муқовимат
нишаст сҳи исломобод толибон ҷабҳа муқовимат
Нишасти СҲИ дар Исломобод доир мешавад: аз умеди толибон то норозигии Ҷабҳаи муқовимат
09:03 14.12.2021 (Навсозишуда: 18:43 14.12.2021) Раиси Маркази тадқиқот ва стротежии Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳониён дар дастури муҳими ин нишаст аст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳафтаи оянда дар Исломобод нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад, хабар медиҳад "TOLOnews".
Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки толибон ба ин нишаст даъват шудаанд ва дар ин нишаст иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷа ширкат хоҳад кард.
Намояндаи Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳон аз ҷумлаи масоили муҳими рӯзномаи ҷаласа аст.
Дар ҳамин ҳол шуморе аз сиёсатмадорон нишасти Исломободро барои Афғонистон муҳим медонанд.
"Вазъи молӣ, бонкҳо, ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳон аз мавзуъҳои ин нишаст аст ва мо ба унвони Вазорати хориҷа дар он саҳм дорем", - гуфтааст Валиуллоҳ Шоҳин, мудири бахши стратегии Вазорати хориҷаи толибон.
Аз сӯйи дигар расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки ба ҷуз аз вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲИ, намояндагони Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва намояндагони кишварҳои кумаккунанда низ ба нишаст даъват шудаанд.
Аммо Покистон барои мизбонии ин ҳамоиш чӣ мехоҳад? Тоҳир Хон, рӯзноманигори покистонӣ гуфтааст, ки Покистон мехоҳад кишварҳои сарватманд ба Афғонистон кумак ва аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Сайидисҳоқи Гелонӣ, раҳбари Ҷунбиши ҳамбастагии Афғонистон низ ин нишастро муҳим хонд.
"Бисёре аз кишварҳои исломӣ бо Афғонистон равобит надоранд. Умедворам, ки ин кишварҳо равобити худро эҳё мекунанд ва тасмими дастаҷамъона дар мавриди ба расмият шинохтани Афғонистон мегиранд", - гуфтааст ӯ.
Қаблан толибон аз кишварҳои узви СҲИ даъват карда буданд, ки онҳоро ба расмият шиносанд ва ҳимоят кунанд.
Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон бошад, дар баёнияе аз нишасти Шӯрои вазирони СҲИ истиқбол ва таъкид кардааст, ки ин шӯро набояд аз қонунӣ шудани низоми толибон, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст, ҳимоят кунад.
Дар изҳорот омадааст, ки Ҷабҳаи муқовимат бар ин назар аст, ки чунин як конфронси муҳим бояд дар ҷои дигаре ба ҷуз Покистон баргузор шавад, ки ба вазъи фоҷиабори Афғонистон ва ранҷу азоби мардуми он рабте надорад.