Мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар Афғонистон манъ шуд: танҳо бо иҷозаи толибон

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Намояндагони Афғонистон бидуни иҷозаи департаменти давлатӣ аз мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ маҳрум шуданд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Зокир Ҷалолӣ, раиси раёсати умури сиёсии вазорати умури хориҷа, гуфтааст: Раҳбари гурӯҳи аз сӯи Толибон таъйиншудаи ҳукумати Афғонистон мулоқоти мақомоти маҳаллӣ бо дипломатҳои хориҷӣ бидуни иҷозаи вижаро манъ кардааст.
Ҷалолӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки аз ин ба баъд тамоми мулоқотҳои мақомоти афғон бо дипломатҳои хориҷӣ бо иҷозаи вазорати умури хориҷа баргузор мешавад.
Второе заседание московского формата  консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Толибон аз СММ талаби курсӣ доранд: "Ҳақ дорем"
Одил Навин, фаъоли сиёсӣ дар сӯҳбат бо Sputnik қайд кард, ки ин тасмим дар шароите гирифта шудааст, ки сафири Покистон дар Кобул бо вазирони ҳукумати муваққати толибон бидуни ҳеҷ иҷозае дидору мулоқот кардааст.
"Мо мебинем, ки сафири Покистон тақрибан ҳар рӯз намояндагони толибонро ба сафорат даъват мекунад ё худаш аз вазоратхонаҳо боздид мекунад. Ин комилан хилофи принсипҳои дипломатия аст, аммо мутаассифона, толибон дар дипломатия чандон хуб нестанд", - гуфт манбаъ.
Толибон дар бораи ин тасмимашон шарҳи бештар надодаанд.
Ин тасмими ҳукумати нави Афғонистон дар ҳолест, ки собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва гоҳ- гоҳе Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешин ва чанд тани дигар бо дипломатҳои хориҷ дидору мулоқотҳо меоростанд.
Лентаи хабарҳо
0