https://sputnik.tj/20211214/imomzoda-dubay-masala-maktabsozi-tojikiston-1044147770.html
Имомзода дар Дубай масъалаи мактабсозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Имомзода дар Дубай масъалаи мактабсозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони кишварҳои арабӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
2021-12-14T14:55+0500
2021-12-14T14:55+0500
2021-12-14T19:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
сохтмон
вазир
мактаб
имомзода
дубай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044147699_0:96:960:636_1920x0_80_0_0_687d3d16d3013bde36d2566a6fb7f11e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Имомзода, ки феълан дар ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши маориф барои ояндаи шукуфон ва устувор дар шаҳри Дубай қарор дорад, бо масъулини Имороти Муттаҳидаи Арабӣ лоиҳаҳои ҳамкориро ба миён гузоштааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати маориф, Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини мудири кулли Бунёди хайривӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Ал-Наҳён, доктор Иброҳим сохтмони мактабҳоро баррасӣ намудааст. Манбаъ зикр намудааст, ки айни замон лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистону Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Ал-Наҳён таҳия гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Данғара ва Темурмалик дар назар аст. Таъкид шудааст, ки феълан харитаи ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур таҳия гардида, дар мувофиқа қарор дорад.Ба иттилои Вазорати маориф, интизор меравад, ки намояндагони фонд дар фурсатҳои наздик ба Тоҷикистон биёяду баъд аз имзои созишнома барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои номбаршуда санги асос гузоранд.Ин дар ҳолест, ки ахиран Имомзода яке аз мушкилотро дар бахши маориф норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ гуфт. Агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд, далел оварда буд вазири маориф.Ӯ илова намуд, ки инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.
https://sputnik.tj/20211030/imomzoda-tojikiston-omuzgoroni-rusiya-jalb-1043183671.html
дубай
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044147699_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_6c18fa3908affbf41e3804972786a06e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, мактаб, сохтмон, арабӣ
сохтмон, мактаб, сохтмон, арабӣ
Имомзода дар Дубай масъалаи мактабсозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
14:55 14.12.2021 (Навсозишуда: 19:59 14.12.2021) Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони кишварҳои арабӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Имомзода, ки феълан дар ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши маориф барои ояндаи шукуфон ва устувор дар шаҳри Дубай қарор дорад, бо масъулини Имороти Муттаҳидаи Арабӣ лоиҳаҳои ҳамкориро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати маориф, Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини мудири кулли Бунёди хайривӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Ал-Наҳён, доктор Иброҳим сохтмони мактабҳоро баррасӣ намудааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки айни замон лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистону Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Ал-Наҳён таҳия гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Данғара ва Темурмалик дар назар аст. Таъкид шудааст, ки феълан харитаи ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур таҳия гардида, дар мувофиқа қарор дорад.
Ба иттилои Вазорати маориф, интизор меравад, ки намояндагони фонд дар фурсатҳои наздик ба Тоҷикистон биёяду баъд аз имзои созишнома барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои номбаршуда санги асос гузоранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Имомзода яке аз мушкилотро дар бахши маориф норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ гуфт. Агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд, далел оварда буд вазири маориф.
Ӯ илова намуд, ки инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.