https://sputnik.tj/20211030/imomzoda-tojikiston-omuzgoroni-rusiya-jalb-1043183671.html
Имомзода: Тоҷикистон тасмим дорад, омӯзгорони Русияро бештар ҷалб намояд
Имомзода: Тоҷикистон тасмим дорад, омӯзгорони Русияро бештар ҷалб намояд
Sputnik Тоҷикистон
Ин масъаларо мақомоти ҷумҳурӣ ҳангоми сафари Валинтина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд кард
2021-10-30T17:00+0500
2021-10-30T17:00+0500
2021-11-01T13:14+0500
дар тоҷикистон
маориф
омӯзгор
забони русӣ
русҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032619162_0:0:1800:1014_1920x0_80_0_0_1baf4a0448bc64e8c7b709cc35719f49.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, шумори омӯзгорони русро дар макотиби ҷумҳурӣ афзоиш диҳанд. Дар ин бора Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар додааст.Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, ин мавзуъ дар ҷараёни сафари қарибулвуқуи раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ба ҷумҳурӣ, ки масъулияти ин барномаро бар уҳда дорад, матраҳ хоҳад шуд.Қайд карда шудааст, ки сафари Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон моҳи ноябр сурат мегирад.Вазири маорифи кишвар ҳамчунин илова кард, ки дар Тоҷикистон барои тавсеаи омӯзиши илмҳои дақиқ барномаҳое амалӣ мешаванд. Муаллимони рус дар пешрафти онҳо ҳиссаи намоён доранд.Вай афзуд, ки омӯзгорони Русия аз кор дар ҷумҳурӣ лаззат мебаранд. Барои омӯзгорон бинобар кори муваффақашон шароити зарурӣ таъмин шудааст.Ёдовар мешавем, ки нахустин гурӯҳи омӯзгорони рус иборат аз 29 нафар моҳи августи соли 2017 вориди Тоҷикистон шуда буд. Дар соли 2020 шумораи онҳо ба 50 нафар расид.Муаллимон дар 22 мактаби шаҳрҳои гуногуни кишвар, забони русӣ, адабиёт, риёзӣ (математика), биология ва дигар фанҳоро омӯзиш медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210716/maktab-loyi-sad-sol-pesh-tojikiston-sharh-imomzoda-1040934112.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032619162_200:0:1800:1200_1920x0_80_0_0_b224bcd6c534c27df7887922d7eb9060.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, имомзода, омӯзгорони рус, макотиб, русия, ниёз, матвиенко, сафар
тоҷикистон, имомзода, омӯзгорони рус, макотиб, русия, ниёз, матвиенко, сафар
Имомзода: Тоҷикистон тасмим дорад, омӯзгорони Русияро бештар ҷалб намояд
17:00 30.10.2021 (Навсозишуда: 13:14 01.11.2021) Ин масъаларо мақомоти ҷумҳурӣ ҳангоми сафари Валинтина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, шумори омӯзгорони русро дар макотиби ҷумҳурӣ афзоиш диҳанд. Дар ин бора Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар додааст.
"Мо ин барномаро хеле муваффақ мешуморем ва мехоҳем теъдоди омӯзгорони русеро, ки дар мактабҳои Тоҷикистон кор мекунанд, афзоиш диҳем", - таъкид кардааст вазир.
Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, ин мавзуъ дар ҷараёни сафари қарибулвуқуи раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ба ҷумҳурӣ, ки масъулияти ин барномаро бар уҳда дорад, матраҳ хоҳад шуд.
Қайд карда шудааст, ки сафари Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон моҳи ноябр сурат мегирад.
Вазири маорифи кишвар ҳамчунин илова кард, ки дар Тоҷикистон барои тавсеаи омӯзиши илмҳои дақиқ барномаҳое амалӣ мешаванд. Муаллимони рус дар пешрафти онҳо ҳиссаи намоён доранд.
“Мо воқеан ба омӯзгорони русзабон, ки аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дарс медиҳанд, ниёз дорем”, - таъкид кард вазир.
Вай афзуд, ки омӯзгорони Русия аз кор дар ҷумҳурӣ лаззат мебаранд. Барои омӯзгорон бинобар кори муваффақашон шароити зарурӣ таъмин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин гурӯҳи омӯзгорони рус иборат аз 29 нафар моҳи августи соли 2017 вориди Тоҷикистон шуда буд. Дар соли 2020 шумораи онҳо ба 50 нафар расид.
Муаллимон дар 22 мактаби шаҳрҳои гуногуни кишвар, забони русӣ, адабиёт, риёзӣ (математика), биология ва дигар фанҳоро омӯзиш медиҳанд.