Вазорат макони маъмули муҳоҷирати тоҷиконро ном бурд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли 2021 беш аз 330 ҳазор нафар барои ҷустуҷӯи кор хориҷ аз кишвар рафтаанд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Аксари муҳоҷирони кории тоҷик барои кор ба Русия мераванд, гуфт муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар суҳбат бо ТАСС.
Ин мусоҳибаи муовини сардори Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба 30-солагии ИДМ бахшида шудааст.

“Тақрибан 95 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон Русия мераванд", - гуфт ӯ.

Нодирӣ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки бештари тоҷикон ба вилояту шаҳрҳои Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург ва Ленинград мераванд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли 2021 331 353 нафар дар минтақаҳои Русия дар ҷустуҷӯи кор будааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи хадамоти марбутаи Русия, ин рақам ба маротиб бештар аст.
Нодирӣ тавзеҳ дод, ки бисёре аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро доранд, аз ин рӯ ҳангоми тарки ҷумҳурӣ ҳамчун шаҳрванди Русия сабти ном мешаванд.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Путин: Русия душмани ҳеҷ кишвар набуд ва нест
Дар ҳамин ҳол онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия омадаанд, ҳатто бо вуҷуди доштани шиносномаи Русия низ ба феҳристи муҳоҷирон ворид шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 2,8 баробар бештар сокинон барои кор ба хориҷа рафтаанд.
Нодирӣ ҳамчунин ёдовар шуд, ки соли 2019 миёни Тоҷикистону Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандон барои кори муваққатӣ дар Русия имзо шуд.
Соли 2022 ба муҳоҷирон дар Русия IT-корти номаҳдуд дода мешавад: шартҳо
Тибқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул ба кишвар беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2018 шаш фоиз афзоиш дошт. Он танҳо соли гузашта коҳиш ёфт, ки ин ба маҳдудиятҳои вуруд ба кишварҳои мухталиф дар давраи пандемия вобаста буд.
Аксари муҳоҷирон мехоҳанд дар Русия бимонанд - назарсанҷӣ
Моҳи ноябр коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ карда буданд, ки интизор меравад, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон ба маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ беш аз 25% афзоиш ёбад. Ҳамин тариқ дар соли 2022 ҳаҷми умумии интиқол 3,8% афзоиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0