Тоҷикистон воридоти ордро коҳиш дод: чӣ пайомад дорад

© congerdesign / PixabayМука, архивное фото
Мука, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Обуна шудан
Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 38% камтар орд ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тоҷикистон воридоти ордро коҳиш дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати рушди иқтисод.
Ба иттилои ин ниҳод, аз аввали соли 2021 ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон нисбат ба соли 2020 беш аз 38% коҳиш ёфтааст.
"Дар даҳ моҳи соли 2021 ба ҷумҳурӣ беш аз 45,4 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38% кам аст", — омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки дар ин муддат ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли гузашта 7,1% афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 814 ҳазор тонна гандум ворид карда шуд.
Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орд ва гандуми бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи иттилои вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ, то моҳи декабри соли 2021 ҳудуди 90%-и талаботи дохилии Тоҷикистон ба орд аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла фароварӣ таъмин мешавад.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Дар Хатлон газ арзон шуду орд қимат
Гуфта мешавад, аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 855,3 ҳазор тонна гандум гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, қимати орд дар бозорҳои маводи ғизоии Тоҷикистон боло рафтааст.
Ҳосили гандум дар Қазоқистон кам шуд: ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?
Тибқи иттилои ахир, як халта ордро 270-310 сомонӣ харидан мумкин аст. Дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нархи гаронтарин муқаррар шудааст.
Ба гуфти коршиносон, болоравии нархи орд ба хушксолӣ ва ҳосили паст дар кишварҳои содиркунандаи гандум марбут будааст.
Лентаи хабарҳо
0