https://sputnik.tj/20211001/khatlon-gaz-arzon-shudu-ord-qimat-1042600948.html
Дар Хатлон газ арзон шуду орд қимат
Дар Хатлон газ арзон шуду орд қимат
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон арзиши гази моеъ 1 сомонӣ арзуон шуд, аммо нархи як халта орд 40 сомонӣ боло рафт
2021-10-01T16:00+0500
2021-10-01T16:00+0500
2021-10-01T16:29+0500
дар тоҷикистон
орд
хатлон
болоравии нарх
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138211_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_e453cd7462d35b1bd76f6568b624e933.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон нархи як литр гази моеъ, ки 8,5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 7,5 сомонӣ баробар шудаст, аммо нархи як халта орди навъи якум, ки ҳафтае пеш 240 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 280 сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.Манбаъ навиштааст, ки болоравии нархи орд сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро нигарон кардааст.Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-и ордро дар гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистону Русия – кишварҳои асосии таъминкунандаи гандуму орди Тоҷикистон арзёбӣ кард.Фирдавси Маҳмадсаид илова кард: “Мо интизорем, ки онҳо хароҷоти арзиши асилиашонро пешниҳод кунанд, як маротиба мониторинг мегузаронем, ҳар нафаре, ки аз даҳ дарсад меъёри даромаднокиашро боло бурдааст, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар нисбаташон парванда боз мекунем”.Дар ҳамин ҳол яке аз омилҳои баланд шудани нархи орд дар вилояти Хатлон, ба қавли соҳибназарон, фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсоли орд дар қаламрави вилоят мебошад.
https://sputnik.tj/20210921/narkhi-ord-bozor-sughd-baland-1042395598.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138211_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_9a95cd6e09ea56e750e234557fbd1758.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, нархи орд, газ, болоравӣ, вилояти хатлон
тоҷикистон, хатлон, нархи орд, газ, болоравӣ, вилояти хатлон
Дар Хатлон газ арзон шуду орд қимат
16:00 01.10.2021 (Навсозишуда: 16:29 01.10.2021) Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон арзиши гази моеъ 1 сомонӣ арзуон шуд, аммо нархи як халта орд 40 сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон нархи як литр гази моеъ, ки 8,5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 7,5 сомонӣ баробар шудаст, аммо нархи як халта орди навъи якум, ки ҳафтае пеш 240 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 280 сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.
Манбаъ навиштааст, ки болоравии нархи орд сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро нигарон кардааст.
Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-и ордро дар гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистону Русия – кишварҳои асосии таъминкунандаи гандуму орди Тоҷикистон арзёбӣ кард.
“Мо ба ҳама корхонаҳо коркарди орд мактуб кардем, бояд хароҷоти аслии онҳоро бифаҳмем, сатҳи миёнаи даромаднокиашонро муайян мекунем. Корхонаҳои коркарди орд дар вилояти Хатлон ҳуқуқ надоранд, ки меъёри даромаднокиашонро аз 10 дарсад боло бардоранд”,-гуфт ӯ.
Фирдавси Маҳмадсаид илова кард: “Мо интизорем, ки онҳо хароҷоти арзиши асилиашонро пешниҳод кунанд, як маротиба мониторинг мегузаронем, ҳар нафаре, ки аз даҳ дарсад меъёри даромаднокиашро боло бурдааст, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар нисбаташон парванда боз мекунем”.
Дар ҳамин ҳол яке аз омилҳои баланд шудани нархи орд дар вилояти Хатлон, ба қавли соҳибназарон, фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсоли орд дар қаламрави вилоят мебошад.