https://sputnik.tj/20211211/madina-chorshanbe-surud-daler-nazarov-1044086379.html
Мадина ва Чоршанбе суруди Далер Назаровро бо овози зинда бозхонӣ карданд - видео
Мадина ва Чоршанбе суруди Далер Назаровро бо овози зинда бозхонӣ карданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Мадина ва Чоршанбе - ду овозхони ҷавони санъати тоҷик суруди ҳунарманди номӣ Далер Назаровро бо тобиши нав сароиданд
2021-12-11T14:00+0500
2021-12-11T14:00+0500
2021-12-13T12:26+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
овозхонӣ
далер назаров
сароидан
мадина ақназарова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/63/1030756398_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_de6173daec29c1afc87bdd94d47be7b2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Навори бозхонии суруди Далер Назаров - "Некӣ бимонад ҷовидон" аз ҷониби сарояндагони ҷавону машҳури Тоҷикистон - Мадина Ақназарова ва Чоршанбе Аловатов дар "Instagram" нашр шудааст.Суруд дар табиати зебо ва бо овози зинда иҷро шудааст.Аз навор дида мешавад, ки Чоршанбе дар даст гитор менавозаду Мадина овозхонӣ мекунад.Аксари корбарони интернет аз ин дуэти сарояндагони ҷавон хуш истиқбол кардаанд.Бархеҳо ин ду сарояндаро "боиси ифтихори Тоҷикистон" хондаанд, вале гурӯҳи дигаре аз тарзи бозхонии суруди Далер Назаров изҳори норозигӣ карда, мегӯянд, бояд аввал аз "мактаби маэстро гузаранд".Ин нахустин суруди муштараки Мадина ва Чоршанбе набуда, онҳо пештар низ яке аз таронаҳои машҳури гурӯҳи "Парем" "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карда буданд.Мадина ва Чоршанбе ду-се соли охир аз сарояндагони муваффақ ва пуркори санъати тоҷик ба шумор мераванд.Онҳо ҳар ду хатмкардаи Мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов мебошанд. Мадина Ақназарова бештар бо иҷрои сурудҳои қадимии афғонӣ машҳур аст, ки дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, мақсад дорад, таронаҳои фаромӯшшудаи қадимиро аз нав эҳё кунад.Чоршанбе бошад, пас аз пирӯзӣ дар озмуни байнламилалии интихобии озмуни "Central Asia Got Talent" машҳур шуд. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, талош мекунад, бо омезиши жанрҳои халқӣ ва муосир санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.
https://sputnik.tj/20200221/Madina-Aqnazarova-fonogramma-saroyanda-musohiba-1030756381.html
https://sputnik.tj/20191004/Chorshanbe-hunarmand-dushanbe-BobMusicAwrds2019-CentralAsiaGotTalen-1029979057.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/63/1030756398_261:0:2928:2000_1920x0_80_0_0_69766f76823f4270d967a17b47986bfc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мадина, чоршанбе, далер назаров, суруд, бозхонӣ
мадина, чоршанбе, далер назаров, суруд, бозхонӣ
Мадина ва Чоршанбе суруди Далер Назаровро бо овози зинда бозхонӣ карданд - видео
14:00 11.12.2021 (Навсозишуда: 12:26 13.12.2021) Мадина ва Чоршанбе - ду овозхони ҷавони тоҷик суруди ҳунарманди номӣ Далер Назаровро бо услуби нав суруданд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Навори бозхонии суруди Далер Назаров - "Некӣ бимонад ҷовидон" аз ҷониби сарояндагони ҷавону машҳури Тоҷикистон - Мадина Ақназарова ва Чоршанбе Аловатов дар "Instagram" нашр шудааст.
Суруд дар табиати зебо ва бо овози зинда иҷро шудааст.
Аз навор дида мешавад, ки Чоршанбе дар даст гитор менавозаду Мадина овозхонӣ мекунад.
Аксари корбарони интернет аз ин дуэти сарояндагони ҷавон хуш истиқбол кардаанд.
Бархеҳо ин ду сарояндаро "боиси ифтихори Тоҷикистон" хондаанд, вале гурӯҳи дигаре аз тарзи бозхонии суруди Далер Назаров изҳори норозигӣ карда, мегӯянд, бояд аввал аз "мактаби маэстро гузаранд".
Ин нахустин суруди муштараки Мадина ва Чоршанбе набуда, онҳо пештар низ яке аз таронаҳои машҳури
гурӯҳи "Парем" "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карда буданд.
Мадина ва Чоршанбе ду-се соли охир аз сарояндагони муваффақ ва пуркори санъати тоҷик ба шумор мераванд.
Онҳо ҳар ду хатмкардаи Мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов мебошанд.
Мадина Ақназарова бештар бо иҷрои сурудҳои қадимии афғонӣ машҳур аст, ки дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, мақсад дорад, таронаҳои фаромӯшшудаи қадимиро аз нав эҳё кунад.
Чоршанбе бошад, пас аз пирӯзӣ дар озмуни байнламилалии интихобии озмуни "Central Asia Got Talent" машҳур шуд.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, талош мекунад, бо омезиши жанрҳои халқӣ ва муосир санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.