ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Чоршанбе Аловатов сарояндаи ҷавони тоҷик, писари ҳунарманди маъруф, Ақназар Аловатов, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ҳунарӣ, зиндагии шахсӣ ва орзуи худ нақл кард.
Чоршанбе Аловатов, барандаи озмуни овозхонии "Bob Music Awаrds 2019" ва ягона намояндаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии озмуни бонуфузи “Central Asia Got Talent”, мегӯяд, намехоҳад ба касе монандӣ дошта бошад.
Мақоми аввали Чоршанбе дар "Bob Music Awаrds 2019"
То имрӯз Чоршанбе Аловатов дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Чоршанбе ҳунарнамоиро дар саҳнаи бузург аз синфи шашум оғоз кардааст. Ҳунарманди ҷавон мегӯяд, чун аз падараш доим сурудҳои халқӣ ва фалак мешунид, дар озмунҳои аввал ҳам дар ҳамин жанр ҳунарнамоӣ кард.
Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни "Овози тиллоӣ", дар жанри фалак ширкат карду соҳиби мақоми аввал шуд.
Соли 2014 дар озмуни "Шукуфаҳои пойтахт" низ суруде дар жанри фалак иҷро кард ва мақоми аввалро аз худ намуд.
Соли 2017 дар озмуни "Парвин" ҳунарнамоӣ карду боз соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид.
Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфтааст ва акнун дар жанри фюжен баромад карда ва дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019", ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар ҳамин жанр суруд иҷро кард.
"Ман ҳангоми фиристодани дархост ба озмуни "Bob Music Awаrds 2019" суруде бо номи "Озода Ватан" аллакай омода доштам. Вале мехостам онро чун суруди муаррифӣ равон кунаму барои даври ниҳоӣ суруди ҷадиде эҷод кунам. Вале баргузоркунандагон гуфтанд, бояд суруде, ки аввал фиристода мешавад, иҷро шавад. Ва ман дар даври ниҳоӣ бо суруди "Озода Ватан" ҳунарнамоӣ карда, соҳиби мақоми аввал шудам", - гуфт Аловатов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Чоршанбе мегӯяд аз гирифтани ҷоиза хушнуд аст, чун дар ин озмун яке аз талаботи муҳим, иҷро кардани суруди худӣ буд, ки ӯ аз уҳдааш хуб баромад.
"Ман ҳам оҳанг ва ҳам матни суруди "Озода Ватан" - ро худам навиштам. Ин суруд дар жанри фюжен аст. Он жанре, ки ман мехоҳам дар он муваффақ шавам. Ин ҷо ман каме аз рэп, фалак ва жанри халқӣ истифода кардаам", - гуфт Чоршанбе.
Чоршанбе Аловатов дар баробари овозхонӣ, дар навохтани аксари созҳои миллӣ ва муосир моҳир аст. Ӯ озодона аз уҳдаи навохтани асбобҳои миллӣ ба монанди сетор, дутор, ғижжак, танбур, рубоб, доира, таблак ва гитара мебарояд, ки имрӯз миёни овозхонони ҷавон ками андар кам ба чашм мерасад.
"Ман навохтани асбобҳои миллиро аз падарам омӯхтам. Ӯ санъаткор буд, ки ман имрӯз дар роҳи санъат ҳастам. Падарам дар эҷоди матни суруд, оҳанг ва иҷрои он ба ман кумак мекунад. Маслиҳат медиҳад, ҷое илова мекунад, ҷое кӯтоҳ мекунад", - гуфт Чоршанбе.
Чоршанбе мегӯяд ҳар замоне лозим шавад, метавонад шеър эҷод кунад. Яъне, илҳоми Чоршанбе бо ҳисси баланди масъулиятшиносиаш бастагӣ дорад. Чоршанбе мегӯяд, дар роҳи санъат аҳли хонавода ва ба вижа падараш ба ӯ кумак мекунад.
Намехоҳам ба касе монанд бошам
Ӯ ба ҳунари санъаткорони тоҷик аз қабили шодравон Душанбе Паллаев, Наргис Бандишоева, Муборакшо, Кароматулло Қурбонов арҷ мегузорад ва ҳунари онҳоро мактаби хуби омӯзиш барои насли ҷавони санъаткор медонад. Аз сарояндагони имрӯз овозхонии Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанро меписандад. Ҳамчунин ҳунари санъаткорони Эронро меписандад ва гоҳ гоҳ сурудҳояшонро низ месарояд, ки аз ҷониби ҳаводоронаш дар саҳифаи иҷтимоияш дар facebook ва Instagram баҳои хуб гирифтааст.
Вале Чоршанбе намехоҳад ба касе монанд шавад ё ба овози эрониҳо тақлид кунад, танҳо ҳадаф дорад, беҳтарин ҷанбаҳои ҳунари ин овозхононро аз худ карда бо жанри ҷадид ва сурудҳои нав ба дили мардум роҳ ёбад.
"Мусиқии мардуми Эрон бисёр ба дилам наздик аст. Ҳам мусиқии халқӣ ва ҳам эстрадиашон бисёр бой аст", - мегӯяд Чоршанбе.
То имрӯз Чоршанбе Аловатов беш аз 10 суруд эҷод кардааст, ки матни аксари онҳоро аз ашъори бузургмардон Ҳофизу Румӣ гирифтааст. Ӯ нақша дорад албоми нахустини худро сабт намояд ва консерт баргузор кунад. Чоршанбе аслан ба забони тоҷикӣ ва шуғнонӣ суруд месарояд.
"Сурудҳои ман, "Як шохи гул", "Булбул", "Рухи гулнор" "Озода Ватан", "Гесу парешон", "Ҷудоӣ", "Ку я" (Биё) ва ғайраҳо мебошад. Худо хоҳад ба наздикӣ албоми авваламро сабт карда, пешкаши мухлисон мекунам. Ва дар нақша дорам консерте низ баргузор кунам", - хабар дод Чоршанбе ба Sputnik Тоҷикистон.
Муаррифии Тоҷикистон ва аз даст додани ҷои кор
Чоршанбе Аловатов дар муддати як сол дар Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ҳайси овозхон кору фаъолият мекард. Вале мутаассифона аз ин ҷои кораш маҳрум шуд. Сабабашро Чоршанбе ба ширкат накардан дар чанде аз консертҳои оркестр гуфт.
"Вақте ман дар даври дигари озмуни “Central Asia Got Talent” , ки дар Қазоқистон баргузор шуд, ширкат кардам, пас аз бозгашт аз ҷои кор ба ман гуфтанд, "моро хабар накардӣ ва ҳам дар чанд консерт ҳунарнамоӣ накардӣ, пас ҷойро холӣ кун". Вале Чоршанбе мегӯяд бо аз даст додани ҷои кор маҳзун нест, чун дар саҳнаи бузург ӯро дастовардҳои аз ин болотар интизор аст ва айни замон Чоршанбе боз барои ширкат дар дигар озмунҳои бонуфузи овозхонӣ омодагӣ мебинад.
Даромади хонавода аз тӯю маърака
Имрӯз даромади аслии ҳунармандони тоҷик аз ҳунарнамоӣ дар тӯю маърака аст. Хонаводаи Аловатовҳо низ дар баробари дигар ҳунармандон ба тӯю маърака бисёр даъват мешаванд. Вале Чоршанбе аз он мутаассиф аст, ки бархе аз ашхоси доро кӯшиш мекунанд, ҳунаррро бо баҳои паст бихаранд.
"Албатта мешаванд, лаҳзаҳое, ки масалан тӯйдор хоҳиш мекунад, ки нархро каме арзонтар кунем. Агар дар асл ин одам шароит надошта бошад, буданд чунин ҳолатҳо, мо розӣ мешавем. Вале, вақте ашхоси доро, кӯшиш мекунанд, "савдо" кунанду қиммати ҳунарро паст кунанд, ин ҳузнангез аст. Онҳо намефаҳманд, ки барои ҳунарнамоӣ дар як гурӯҳ на кам аз ҳафт-ҳашт кас машғул аст ва асбобҳо ҳам гарон ҳастанд. Дар баробари ин, ҳар яки овозхонон патент дорад, ки бояд ҳар моҳ пардохт шавад", - изҳори таассуф мекунад Чоршанбе.
Чоршанбе Аловатов кист?
Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад. Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.