https://sputnik.tj/20211210/peshgui-korshinoson-iqtisod-jahon-suqut-1044063414.html
Пешгӯиҳои коршиносон: Иқтисоди ҷаҳониро суқут интизор аст
Пешгӯиҳои коршиносон: Иқтисоди ҷаҳониро суқут интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Молияшиноси амрикоӣ фалокати иқтисодиро, ки боиси фоҷиаи ҷаҳонӣ мегардад, пешбинӣ кард
2021-12-10T09:00+0500
2021-12-10T09:00+0500
2021-12-10T17:52+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
има
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/13/1043633682_0:287:3131:2048_1920x0_80_0_0_d9cedd0e113ee1dc6f63afe3e33e3118.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҷаҳонро ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Чин таҳдид мекунад, ки метавонад ба фалокати иқтисодии ҷаҳонӣ оварда расонад, гуфт Рэй Далио. Дар ин бора муассиси ширкати сармоягузории "Bridgewater Associates" дар мусоҳиба бо CNBC гуфт. Ба гуфтаи коршинос, ИМА дар робита ба фарҳанги Чин сиёсати амрикоикунониро пеш мебарад, ки метавонад ба паёмадҳои сангине оварда расонад. Агар шиддат идома ёбад, метавонад ҷанги тиҷоратии байни кишварҳоро пурзӯр кунад.Ҳатто агар рӯёрӯии байни Вашингтон ва Пекин иқтисодиётро вайрон накунад, "касе ё чизи дигар ин корро мекунад", гуфт коршинос. Қаблан "Saxo Bank" аз оғози ҷанги нави сард миёни Русия, ИМА, Чин, ИА ва Ҳиндустон дар соли оянда ба далели афзоиши рақобат дар соҳаи силоҳи мофавқ-ус-садоӣ ва кайҳон пешбинӣ карда буд. Бонкдорон ҳамчунин таъсиси артиши занони сармоягузор, ки аз нобаробарии гендерӣ норозианд ва поин рафтани маҳбубияти "Facebook" ва "Spotify"-ро тахмин карданд.Дар тӯли 19 сол ин бонк борҳо чунин пешгӯӣ ироа кардааст. Аммо коршиносони дигар, чунин пешбиниҳо ва тамаркуз ба рӯйдодҳои эҳтимолиро як роҳи ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба тамоюлҳои асосӣ меҳисобанд. Ҳарчанд, албатта, агар ин пешгӯиҳо амалӣ шаванд, онҳо ба бозорҳои молиявӣ таъсири ҷиддӣ хоҳанд дошт.
https://sputnik.tj/20150522/1015537214.html
има
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/13/1043633682_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e438e550d1ed9cc1cf5fa58ea0f2eb32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯиҳо коршинос иқтисод ҷаҳон суқут
пешгӯиҳо коршинос иқтисод ҷаҳон суқут
Пешгӯиҳои коршиносон: Иқтисоди ҷаҳониро суқут интизор аст
09:00 10.12.2021 (Навсозишуда: 17:52 10.12.2021) Молияшиноси амрикоӣ фалокати иқтисодиеро, ки боиси фоҷиаи ҷаҳонӣ мегардад, пешбинӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҷаҳонро ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Чин таҳдид мекунад, ки метавонад ба фалокати иқтисодии ҷаҳонӣ оварда расонад, гуфт Рэй Далио. Дар ин бора муассиси ширкати сармоягузории "Bridgewater Associates" дар мусоҳиба бо CNBC гуфт.
Ба гуфтаи коршинос, ИМА дар робита ба фарҳанги Чин сиёсати амрикоикунониро пеш мебарад, ки метавонад ба паёмадҳои сангине оварда расонад. Агар шиддат идома ёбад, метавонад ҷанги тиҷоратии байни кишварҳоро пурзӯр кунад.
Ҳатто агар рӯёрӯии байни Вашингтон ва Пекин иқтисодиётро вайрон накунад, "касе ё чизи дигар ин корро мекунад", гуфт коршинос.
Қаблан "Saxo Bank" аз оғози ҷанги нави сард миёни Русия, ИМА, Чин, ИА ва Ҳиндустон дар соли оянда ба далели афзоиши рақобат дар соҳаи силоҳи мофавқ-ус-садоӣ ва кайҳон пешбинӣ карда буд.
Бонкдорон ҳамчунин таъсиси артиши занони сармоягузор, ки аз нобаробарии гендерӣ норозианд ва поин рафтани маҳбубияти "Facebook" ва "Spotify"-ро тахмин карданд.
Дар тӯли 19 сол ин бонк борҳо чунин пешгӯӣ ироа кардааст. Аммо коршиносони дигар, чунин пешбиниҳо ва тамаркуз ба рӯйдодҳои эҳтимолиро як роҳи ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба тамоюлҳои асосӣ меҳисобанд.
Ҳарчанд, албатта, агар ин пешгӯиҳо амалӣ шаванд, онҳо ба бозорҳои молиявӣ таъсири ҷиддӣ хоҳанд дошт.