ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар сурати муноқишаи Чину Амрико хатари сар задани ҷанги саввуми ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, гуфт миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос. Ин иттилоъро РИА Новости дар такя ба сомонаи Market Watch пахш кард.
Ба қавли Сорос, агар Чин зарфияти иқтисоди кишварро на барои содирот, балки барои эҳтиёҷоти дохилӣ масраф кунад, он гоҳ роҳбарияти давлати мардумиро зарур меояд, ки барои боқӣ мондан дар қудрат муноқишаи хориҷӣ эҷод намоянд.
"Агар бархурд миёни иттифоқчии Амрико, яъне Ҷопон бо Чин ба вуқӯъ пайвандад, нохудогоҳ мо дар садади ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қарор хоҳем гирифт",- иқтибос меорад нашрия бо истинод ба суханони Сорос.
Ягона роҳи бурунрафт аз ин мушкил ин аст: Вашингтон бояд иҷоза бидиҳад, ки Пекин асъори миллиашро (юанро-шарҳ аз идора) ба феҳрасти арзҳои роиҷ дар СБП ворид намояд ва бо ин васила рақобатпазирии долларро коҳиш бидиҳад.
Дар навбати худ Пекин бояд аз таҳаввулотҳои иқтисодӣ даст кашад, идома медиҳад миллиардер. Ба гуфти ӯ, даст ёфтан ба ин кор аз ҳар ду ҷониб талоши бештарро талаб мекунад, аммо алтернативаи он "хеле номақбул" аст.
Дар бораи алтернатива (роҳҳали дигар- шарҳ аз идора) ҳарф зада, миллиардери амрикоӣ иттиҳоди ҶМЧ-ро бо Русия дар назар дорад, ки ба назари ӯ, ин сабабгори ҷанги нав дар ҷаҳон мешавад.