https://sputnik.tj/20211210/olim-bezarari-omikron-shubha-1044079122.html
Олими рус ба безарарии омикрон шубҳа дорад
Олими рус ба безарарии омикрон шубҳа дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар айни замон, мутатсияи нави коронавирус ба таври кофӣ омӯхта нашудааст ва ба ҳама изҳоротҳо дар бораи он бо шубҳаи шадид муносибат кардан лозим аст
2021-12-10T19:00+0500
2021-12-10T19:00+0500
2021-12-13T09:22+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
бемор
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/05/1031500584_0:160:3075:1889_1920x0_80_0_0_dfb18b13a3e6220faa04cba96c192563.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Изҳорот дар бораи он ки штамми омикрон ба осонӣ паси сар мешавад, бемасъулиятона аст, гуфт Денис Логунов, муовини сардори Маркази тадқиқотии ба номи Н.Ф. Гамалеи зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муқовимат бо коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ.Ӯ қайд кард, то ҳол маълумоти муътамаде дар бораи чӣ гуна аз сар гузаронидани беморӣ аз ҷониби пиронсолон ва онҳое, ки гирифтори навъҳои қаблии COVID нашудаанд, мавҷуд нест. Бори аввал версияи нави коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд. Вай аз штаммҳои пештара бо тағйироти зиёди худ фарқ мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ тасмим гирифт, ки ин штаммро ҳамчун сабаби нигаронӣ тасниф кунад. Ду фарзия вуҷуд дорад, ки тибқи якеаш, вирус дар ҷисми одамон бо иммунитети заиф бештар мемонад.Фарзияи дигар ин аст, ки вирус аз одамон ба шумораи зиёди ҳайвонот интиқол дода шуда, ба организмҳои нав мутобиқ шудааст ва сипас одамонро бо штамми мутатсияшуда дубора сироят кардааст. Қаблан вирусшиноси рус Пётр Чумаков гуфта буд, одамоне, ки бо штамми нави ковид бемор мешаванд, ба вариантҳои беморикунандаи он муқовимат хоҳанд кард. Аломатҳои асосии он то ҳол дарди шадиди сар, табларза, дарди бадан ва хастагии "деҳшатнок" мебошанд. Ёдрас мешавем, ки маркази "Вектор" ба ғайр аз ду нафари дигар, ки аз Африқои Ҷанубӣ омадаанд, дар бадани чаҳор сайёҳи дигари рус сирояти навъи омикронро тасдиқ кард.
https://sputnik.tj/20211210/chor-giriftor-omikron-rusiya-sabt-1044071729.html
https://sputnik.tj/20211208/tasvir-shtamm-omikron-nashr-aks-1044016784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/05/1031500584_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_0507e3421b7785168d06b2bd21d50471.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон, омикрон, тандурустӣ
омикрон, омикрон, тандурустӣ
Олими рус ба безарарии омикрон шубҳа дорад
19:00 10.12.2021 (Навсозишуда: 09:22 13.12.2021) Айни замон навъи нави коронавирус ба таври кофӣ омӯхта нашудааст ва ба изҳорот дар бораи сабукии он бо шубҳа муносибат кардан лозим аст
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Изҳорот дар бораи он ки штамми омикрон ба осонӣ паси сар мешавад, бемасъулиятона аст, гуфт Денис Логунов, муовини сардори Маркази тадқиқотии ба номи Н.Ф. Гамалеи зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муқовимат бо коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ.
Ӯ қайд кард, то ҳол маълумоти муътамаде дар бораи чӣ гуна аз сар гузаронидани беморӣ аз ҷониби пиронсолон ва онҳое, ки гирифтори навъҳои қаблии COVID нашудаанд, мавҷуд нест.
"Одамони дорои масунияти баланд, воқеан метавонанд ин штаммро сабук гузаронанд, аммо даъво кардан, ки ин як штамми "сабук" аст, бемасъулиятист", - гуфт Логунов.
Бори аввал версияи нави коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд.
Вай аз штаммҳои пештара бо тағйироти зиёди худ фарқ мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ тасмим гирифт, ки ин штаммро ҳамчун сабаби нигаронӣ тасниф кунад.
Ду фарзия вуҷуд дорад, ки тибқи якеаш, вирус дар ҷисми одамон бо иммунитети заиф бештар мемонад.
Фарзияи дигар ин аст, ки вирус аз одамон ба шумораи зиёди ҳайвонот интиқол дода шуда, ба организмҳои нав мутобиқ шудааст ва сипас одамонро бо штамми мутатсияшуда дубора сироят кардааст.
Қаблан вирусшиноси рус Пётр Чумаков гуфта буд, одамоне, ки бо штамми нави ковид бемор мешаванд, ба вариантҳои беморикунандаи он муқовимат хоҳанд кард.
Аломатҳои асосии он то ҳол дарди шадиди сар, табларза, дарди бадан ва хастагии "деҳшатнок" мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки маркази "Вектор" ба ғайр аз ду нафари дигар, ки аз Африқои Ҷанубӣ омадаанд, дар бадани чаҳор сайёҳи дигари рус сирояти навъи омикронро тасдиқ кард.