Сабти чаҳор гирифтори омикрон дар Русия

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкТестирование на наличие антител к COVID-19, архивное фото
Тестирование на наличие антител к COVID-19, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Дар Русия чаҳор нафар беморе ошкор шудаанд, ки гирифтории омикрон, навъи нави коронавирус мебошанд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Вуҷуди омикрон дар чаҳор нафар дар Русия тасдиқ шуд, хабар дод мудири маркази "Вектор" Ринат Максютов.
Гуфта мешавад, ҳамаи гирифторон сайёҳоне мебошанд, ки аз кишварҳои дигар ба Русия баргаштаанд. Аз ҷумла қаблан омикрон дар бадани ду сайёҳи русиягӣ ошкор гардид, аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба кишварашон рафта буданд. Таъкид шудааст, ки гирифторон бемориро дар шакли сабук паси сар карда истодаанд.
Қаблан масъулини "Роспотребнадзор" аломатҳои хоси гирифторӣ ба омикронро номбар карда буданд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон хатарноктарин дурӯғ дар бораи коронавирусро хунсо карданд
Аз ҷумла заъф, табларза ва дарди сар хоси омикрон зикр шудаанд. Муовини мудири Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробиологияи Маскав ба номи Габричевскийи "Роспотребнадзор", доктори илмҳои тиб Татяна Ружентсова ба РИА "Новости" гуфтааст, маълумоти охирин нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама дар беморон ҳарорати бадан то 38 дараҷа ва зиёда аз он боло меравад.
"Дар аксари беморон заифии шадид ё хастагӣ, табларза, дарди сар, кам шудани иштиҳо, сулфа мушоҳида мешавад", - шарҳ дод табиб.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ахиран теъдоди кишварҳоеро, ки дар онҳо гирифторони навъи нави коронавирус - омикрон сабт шудаанд, 57 адад арзёбӣ кард.
Масъулини созмон гуфтанд, намунаҳо аз Африқои Ҷанубӣ нишон доданд, ки имкони дубора гирифтор шудан ба омикрон имконпазир аст, аммо он назар ба делта хатари камтар дорад.
Лентаи хабарҳо
0