https://sputnik.tj/20211208/tasvir-shtamm-omikron-nashr-aks-1044016784.html
Нахустин тасвирҳои штамми омикрон нашр шуданд - акс
Нахустин тасвирҳои штамми омикрон нашр шуданд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Ба вирусшиносон муяссар гардид, ки як ҳуҷайраи гурдаи муймунро пас аз сироятёбӣ ба штамми омикрон аксбардорӣ кунанд
2021-12-08T13:50+0500
2021-12-08T13:50+0500
2021-12-08T14:54+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043106787_0:157:1920:1237_1920x0_80_0_0_25ea9a649b21fd9c19ec0316918cbeee.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Донишгоҳи Ҳонконг тасвири штамми коронавируси омикронро нашр кард, ки бо микроскопи электронӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба изҳороти пажуҳишгарон.Ба олимони вирусшинос муяссар шуд, ки пас аз сироят бо штамми омикронии SARS-CoV-2 як ҳуҷайраи гурдаи маймунро (Vero E6) аксбардорӣ кунанд.Гуфта мешавад, ҳангоми камтар васеъ кардани микрофотография осеби ҳуҷайра намудор мешавад. Ин сироят ба зарраҳои хурди вирусии сиёҳ монанд аст. Дар ҳоли бузург кардани акс зарраҳои вирусиро намудор мешаванд, ки рӯи онҳо хӯшаҳои тоҷшакл ба назар мерасанд. Қаблан муҳаққиқони шуъбаи микробиологияи Донишгоҳи Ҳонконг омикронро аз намунаҳои клиникӣ ҷудо карданд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ваксинаҳои зидди штамми навро таҳия ва истеҳсол кунанд.Моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси омикрон кашф карда шуд. Пештар олимон онро бо индекси B.1.1.529 ба қайд гирифта буданд. СҶБ ин навъро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки аллакай гирифтори корона ё ваксина шудаанд, метавонанд ба ин вирус мубтало шаванд.Ин навъ ба Тоҷикистон ҳоло роҳ наёфтааст, аммо ба Русия онро ду нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, интиқол доданд. РИА "Новости" навишта буд, ташхиси 10 нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, мусбат баромад.
https://sputnik.tj/20211207/virusshinos-shtamm-omikron-okhir-pandemiya-ast-1043989211.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043106787_271:0:1920:1237_1920x0_80_0_0_f1a495305b9798e6b61d7dbfdac40aea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон коронавирус
Нахустин тасвирҳои штамми омикрон нашр шуданд - акс
13:50 08.12.2021 (Навсозишуда: 14:54 08.12.2021) Ба вирусшиносон муяссар гардид, ки як ҳуҷайраи гурдаи маймунро пас аз сироятёбӣ ба штамми омикрон аксбардорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Донишгоҳи Ҳонконг тасвири штамми коронавируси омикронро нашр кард, ки бо микроскопи электронӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба изҳороти пажуҳишгарон.
Ба олимони вирусшинос муяссар шуд, ки пас аз сироят бо штамми омикронии SARS-CoV-2 як ҳуҷайраи гурдаи маймунро (Vero E6) аксбардорӣ кунанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми камтар васеъ кардани микрофотография осеби ҳуҷайра намудор мешавад. Ин сироят ба зарраҳои хурди вирусии сиёҳ монанд аст. Дар ҳоли бузург кардани акс зарраҳои вирусиро намудор мешаванд, ки рӯи онҳо хӯшаҳои тоҷшакл ба назар мерасанд.
Қаблан муҳаққиқони шуъбаи микробиологияи Донишгоҳи Ҳонконг омикронро аз намунаҳои клиникӣ ҷудо карданд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ваксинаҳои зидди штамми навро таҳия ва истеҳсол кунанд.
Моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси омикрон кашф карда шуд. Пештар олимон онро бо индекси B.1.1.529 ба қайд гирифта буданд.
СҶБ ин навъро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки аллакай гирифтори корона ё ваксина шудаанд, метавонанд ба ин вирус мубтало шаванд.
Ин навъ ба Тоҷикистон ҳоло роҳ наёфтааст, аммо ба Русия онро ду нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, интиқол доданд. РИА "Новости" навишта буд, ташхиси 10 нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, мусбат баромад.