Манбаъ ва маънии аслии фоҷеаи геополитикии қарни XX

© Sputnik / Иван ДенисенкоФизкультурный парад на Красной площади в День международной солидарности трудящихся.
Физкультурный парад на Красной площади в День международной солидарности трудящихся. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Дар Русия зуд-зуд ва шадидан баҳс мешавад. То он даме ки наслҳои ИҶШС ҳастанд, ин баҳс идома хоҳад дошт. Мавзуи баҳс ин аст, ки иттиҳодро ҳифз кардан мумкин буд ё не
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik, Ростислав Ишенко. Моҳи декабри соли ҷорӣ аз пошхӯрии воқеии Иттиҳоди Шӯравӣ 30 сол пур мешавад - 8 декабри соли 1991 сарони Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия (РСФСР) ва Украина "Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил"-ро ба имзо расониданд. ғайрирасмӣ - Созишномаи Беловежская).
Дар Русия зуд-зуд ва шадидан дар бораи аз байн рафтан ё ҳифзи ИҶШС баҳс мекунанд. То он даме ки наслҳои ИҚШС боқиянд, дар бораи он баҳс хоҳанд кард, ки оё иттифоқро нигоҳ доштан мумкин буд ё не. Дар айни замон аксарияти баҳсу мунозира аз мавқеи детерминизми иқтисодӣ сурат мегиранд.

Оё иқтисод воқеан ноустувор буд?

Бархе мегӯянд, ки иқтисоди шӯравӣ қобили бақо набуд ва аз ин рӯ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳифз намешуд, бархеи дигар мегӯянд, ки иқтисоди шӯравӣ бештар қобили ҳаёт буд ва агар хиёнати Горбачёв, Елсин, Кравчук намебуд, боқӣ мемонд.
Ман ба он розӣ мешавам, ки иқтисоди советӣ дар охирин рӯзҳои иттиҳод заиф шуда буд.
Ин барои ман аксиома шуд, вақте ки сигор дар соли 1990 ногаҳон дар кишвар нопадид шуд.
Советские бомбардировщики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Шӯхиҳои халабонҳои шӯравӣ низомиёни амрикоиро мутаҳаййир кардааст
Дар мамлакати азиме, ки иқтисоди онро Госплан таҳти назорат дошт ва дар он даҳҳо фабрикаи тамоку мавҷуд буд, якбора аз байн рафтани махсулоти тамоку на танҳо проблемаи тамокукорон буд, балки аксарият тавонистанд аз ин камбуд бадар оянд.
Набудани тавлид сабаб шуд, ки корхонаҳо аз кор, даҳҳо ҳазор нафар муваққатан бошад ҳам, ду-се моҳ бекор монданд.
Яъне Госплан аз хориҷа ба микдори кофӣ харидани ашёи хомро таъмин накардааст, истеҳсоли худи он талаботи ИҶШС-ро қонеъ карда наметавонист.
Ин проблемаи асосиро нишон дод, иқтисоди шӯравӣ ҳамчун система вуҷуд надорад.
Ин чунин маъно дорад, ки проблемаҳои иқтисодии ИҶШС муваққатӣ не, балки характери системавӣ доштанд ва ин гуна мушкилотро дар доираи системае, ки ба миён омадаанд, бартараф кардан мумкин набуд.

Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам вуҷуд дошта метавонист. Пас чӣ шуд?

Аммо ин умуман маънои онро надорад, ки ИҶШС бояд пароканда мешуд. Оре, иттиҳодия аз ҷиҳати иқтисодй бесамар шуд. Аммо вай метавонист ҳатто пас аз марги ниҳоии иқтисод ба таври расмӣ ба мавҷудияти худ идома диҳад.
Ҳамин тавр Сомалӣ, Афғонистон ва Украина расман вуҷуд доранд. Ин кишварҳо назар ба ИҶШС дар охири солҳои 1980 ва аввали солҳои 1990-ум дар ҳолати хеле бадтар қарор доранд.
Дар Сомалӣ амудҳои маъмурӣ ва сиёсӣ комилан нест карда шуданд, дар Украина онҳо ба таври расмӣ вуҷуд доранд, уҳдадориҳои конститутсионии худро иҷро намекунанд ва бо ҳамдигар ҳамкорӣ намекунанд. Давлатдорӣ ба маънои классикӣ дар Киев муддати тӯлонӣ вуҷуд надошт.
Запуск телеканала Победа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Даргузашти ровии барҷастаи телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ Игор Кириллов
Дар Афғонистон толибон, ки то ҳол муваффақ набуданд, талош доранд, давлатдории тӯли панҷ даҳсолаи ҷанги шаҳрвандӣ харобшударо эҳё кунанд.
Дар иттиҳод ҳанӯз ин харобӣ ба структураҳои идорӣ нарасида буд. Онҳо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам ба иҷрои вазифаҳои худ идома доданд.
Гузашта аз ин баъзеи онҳо ба дараҷае мутамаркиз ва ба тақсимот он қадар омода набуданд. Масалан, қувваҳои мусаллаҳи муштараки ИДМ таҳти фармондеҳии маршал Шапошников то моҳи сентябри соли 1993 вуҷуд доштанд.
Аммо иттифоқ вайрон шуд, на бо хиёнати шахсони мансабдор. Агар умуман дастгоҳи давлатӣ кор кунад, вай қодир аст, кӯшиши хиёнаткориро ҳатто аз ҷониби сардори давлат ҳам бошад, фурӯ нишонад.
Дар нихояти кор ҳатто Николай I эътироф мекард, ки мамлакатро хаткашонҳо, яъне звенои миёнаи бюрократӣ идора мекунанд.

Сабаби аслии фурӯпошӣ

Маҳз бюрократия аз ИҶШС даст кашид.
Барои бюрократҳо қарор дар бораи бекор кардани моддаи 6-уми Қонуни Асосӣ, ки КПСС-ро қувваи роҳбарикунандаи ҷамъияти советӣ муайян намуда буд, тасмими ҳалкунанда шуд ва кушиши Кремл барои бо зӯр иваз кардани ҳокимияти ҳизбӣ бо ҳокимияти шӯроҳо ғайри қобили амал будани системаро ба намоиш гузошт.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Раҳмонзода: медалҳои варзишгарони тоҷик дар замони Истиқлол аз шӯравӣ 40 баробар зиёданд
Дар натиҷа ҳизб аз хокимият даст кашид, вале шӯроҳо онро гирифта натавонистанд ва дар мамлакат бесарусомонии сиёсӣ вусъат ёфт.
Барҳам дода хӯрдани ИҶШС бо комплекси томи сабабҳо ба амал омад. Онро ба таври мухтасар чунин тавсиф кардан мумкин аст: ба душворихои рӯзафзуни иқтисодӣ дучор омада, элитаи ҳизби ҳукмрон кӯшиш кард, ки модели идоракуниро тағйир диҳад.

Ҳама воҳима мекунанд

Элитаҳои ҳизбии ҷумҳуриявӣ аз табиати бесарусомонӣ ва харобиовари ислоҳоти Кремл ба ҳайрат афтоданд. Кремл элитаи минтақаро дар зидди ислоҳот гумон мекард.
Дар байни роҳбарони олӣ ва миёна нобоварӣ вуҷуд дошт. Кремл кӯшиш кард, ки кадрҳои маҳаллиро ротатсия кунад, аммо танҳо бо иваз кардани шарикони куҳна, боэътимод ва пешгӯинашаванда бо популистҳои номаълум ва бемасъулият мавқеи худро бадтар кард.
Қудрати Кремл, ки пуштибонии бюрократияи миёнаро аз даст дода буд, ногаҳон худро дар танҳо ҳис кард ва суст шуд. Маҳз аз ҳамин сабаб президенти ИҶШС Михаил Горбачёв ҷуръат накард, ки фитнаи Беловежскро бо зӯрӣ пахш кунад.
Спутниковая тарелка установленная на военном автомобиле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Ташкили низоми махсуси тамосу табодули иттилоъ миёни нерӯҳои кишварҳои узви ИДМ
Гумон мекунам, тарсуии ӯ низ нақш доштааст, аммо тарсончак буд, зеро бовар надошт, ки мақомоти амниятии худаш дастури боздошти тавтиъачиёнро иҷро мекунанд, на ӯро дастгир мекунанд.

Ҳарҷумарҷ дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ

Аз ин рӯ дар аввалин қарорҳои соли 1991 сарнавишти кишвар пешбинӣ нашуда буд. Ба назари бисёриҳо чунин менамуд, ки парокандашавӣ ниҳоӣ нест, иттиҳод танҳо ном ва шакли ҳукумати марказиро дигар мекунад.
Дар аввал онҳо дар бораи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр суҳбат карданд. Ҳаштуми декабри соли 1991 бо имзои қарорҳои Беловежская Пуша дар бораи барҳам додани ИҶШС тасмим гирифта шуд, ки Иттиҳоди давлатҳои славянӣ (Русия, Украина, Беларус) таъсис дода шавад.
Ёдовар мешавам, ки то он вақт кишварҳои Соҳили Балтика, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Украина истиқлоли худро эълон карда буданд.
Гузашта аз ин агар равандҳо дар Минск ва Киев бо усулҳои сиёсӣ бозгардонида мешуданд, он гоҳ кишварҳои Соҳили Балтика метавонистанд танҳо бо қувваи силоҳ нигоҳ дошта шаванд, дар Молдова чанд сол муноқишаи Приднестрова аланга гирифт, ки ба ҷанг табдил ёфт.
Рубль и доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Чӣ гуна Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш медиҳад
Ҳамин тавр низоъ миёни Арманистон ва Озарбойҷон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҷанги якуми Қарабоғ табдил ёфт. Гурҷистон дар арафаи сарнагунӣ қарор дошт.
Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Ҳамин тавр имзокунандагони созишномаҳои Беловежск эҳтимолан, дар аввал воқеан фикр мекарданд, ки квази муттаҳидшавӣ ба давлатҳои славянӣ маҳдуд мешавад. Вале дар худи ҳамон руз фикри худро дигар карда, ба иттиҳоди нав номи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дода, дарҳои онро ба рӯи хоҳишмандон боз гузоштанд.
Раванди бесарусомонии тағйир додани ном ва эҷоди сохтор оғоз ёфт, ки вазифаҳояш дар аввал ҳатто барои созандагони он нофаҳмо буданд. Қарор дар бораи ба як созмони мукаммали байналмилалӣ табдил додани ИДМ танҳо дар соли 1993 қабул шуда, баъдан амалӣ гардид. Дар баробари ин Украина ба оинномаи ИДМ имзо нагузошт ва худро на узви ИДМ, балки ширкаткунандаи ИДМ медонист.

ИДМ ҳамчун роҳи ҷудошавии мутамаддин ва ҳамгироӣ дар як вақт

Ҳанӯз дар рӯзҳои аввал аъзои ИДМ ба дурнамои он ба таври куллӣ мукобил баҳо медоданд. Онро ҳам механизми ҳамоиш ва ҳам механизми ҷудоии мутамаддин баҳогузорӣ мекарданд.
Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар замони пошхӯрии ИҶШС воҳима дар муҳити бюрократӣ ва бесарусомонии афзояндаи маъмурӣ бартараф нашуда буд. Онҳо тавсифи сиёсати аксари кишварҳои пасошӯравиро то солҳои 1993-1994 идома доданд. Дар ин давра аз ҷиҳати назариявӣ ҳам барои интегратсияи нав ва ҳам парокандашавии минбаъда имкониятҳо мавҷуд буданд.
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Тоҷикистон хостори рафъи монеаҳо дар роҳи интиқоли маҳсулот дар дохили ИДМ шуд
Аммо аз ибтидои солҳои 1992-1993 мушкилот коҳиш ёфт, давлатҳои нав ниҳоят дар сохторҳои алоҳидаи маъмурӣ ташаккул ёфтанд, лоиҳаҳои интегратсияи сиёсиро гӯр карданд ва ҳамгироии иқтисодӣ бо кӯшиши нигоҳ доштани робитаҳои иқтисодӣ, ки махсусан муҳиманд, маҳдуд шуд.
Дар нимаи солҳои 90-ум маълум гардид, ки ИДМ вазифаи асосии худро иҷро кардааст. Дар тамоми соҳаҳо бесарусомонии баъдисоветӣ бартараф карда шуд, давлатҳо ниҳоят соҳибихтиёр шуданд, элитаҳои онҳо миллӣ шуд.

Шаклҳои нави ҳамгироӣ

Равзанаи имкони эҳёи ИҶШС бо номи дигар ва дар шакли конфедератсияи нарм, ки қаблан базӯр кушода буд, ниҳоят баста шуд.
Аз ҳамон лаҳза ҳамгироии фазои пасошӯравӣ метавонист танҳо дар асоси принсипҳои комилан дигар - ҳамчун ташкили як фазои ягонаи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва танҳо пас аз он фазои сиёсӣ амалӣ карда шавад, на ҳамчун сохтори ягона, балки ҳамчун шаклҳои робита ва таъсири мутақобилаи сохторҳои гуногун.
Форматҳои ИДМ ва ПАД дигар ба вазифаҳои таъхирнопазир мувофиқат намекарданд. Аз ин рӯ ИДМ амалан ба маҳфили менеҷерон табдил ёфтааст, ки дар доираи он президентҳо, сарвазирон ва вазирони асосӣ метавонанд пешакӣ масъалаҳои барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъхирнопазирро муҳокима намуда, форматҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ кунанд.
Исполняющий обязанности генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Валерий Семериков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Тамринҳои СПАД вазъро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба эътидол оварданд
ПАД ба СПАД табдил дода шуд. Консепсияи интегратсияи бисёрсуръат эълон карда шуд, ки дар доираи он сохторҳои нав таъсис дода шуданд.
Дар ниҳоят ИДМ дар фазои пасошӯравӣ ҳамчун чизе ба монанди Иттиҳоди Бритониёи русӣ - як доираи таъсири нарм қабул карда шуд. Аз ин рӯ кишварҳое, ки равобиташон бо Русия бад шудааст, ИДМ-ро тарк мекунанд ё мақоми худро поин мебаранд ва дар сурати беҳтар шудани равобит дубора ба намояндагии комил бармегарданд.
Дар робита ба ин бисёре аз ташаббусҳои Маскав, ки расман пазируфта шуда буданд, дар асл аз ҷониби шарикон мавриди пазириш қабул нагирифтанд, идеяҳои фазои умумӣ, ки дар ИДМ муқаррар шуда буданд, натиҷа надод ва ҳоло онҳо тавассути лоиҳаҳои дигари ҳамгироӣ дар форматҳое, ки ба таври васеъ қабул карда мешаванд, амал мекунанд ва барои шарикони рус камтар фоидаоваранд.
Давраи заифии умумӣ ва номуайянӣ ба охир расид. Давраи қудрати Русия фаро расид.
Андешаи муаллиф метавонад бо мавқеи ҳайати эҷодӣ созгор набошад.
Лентаи хабарҳо
0