Ташкили низоми махсуси тамосу табодули иттилоъ миёни нерӯҳои кишварҳои узви ИДМ

© Sputnik / Дмитрий ДонскойСпутниковая тарелка установленная на военном автомобиле, архивное фото
Спутниковая тарелка установленная на военном автомобиле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми тамосу табодули иттилоъ миёни аъзои созмонро ташкил доданд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Низоми махсуси табодули иттилоъ ва ҳамоҳангсозӣ дар миёни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ истифода мешавад, хабар додааст РИА "Новости" бо такя ба матни созишнома, ки дар саҳифаи пойгоҳи ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин санад дар Русия аз 28-уми ноябр мавриди амал қарор гирифта, феълан Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон онро тасвиб кардаанд. Таъкид шудааст, ки санад барои пайвастани кишварҳои дигари узви ИДМ низ шароити фароҳам дорад.
Зикр шудааст, ки ҳадафи асосии ин низом ираои хадамоти тамосу табодули иттилоъ миёни нерӯҳои мусаллаҳ, ҳамоҳангии низомҳои миллии алоқа, аз ҷумла аз тариқи шабакаҳои махсус мебошад.
Президент РФ В.Путин встретился с заместителем директора Центра имени Н. Ф. Гамалеи Д. Логуновым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Пешниҳоди Путин ба Дума: Низоми ягонаи падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон таъсис меёбад
Ҳамоҳангии низом ба уҳдаи кумитаи сардорони алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ гузошта шудааст ва роҳбарии онро сардори Сарраёсати алоқаи қувваҳои мусаллаҳи Русия ба уҳда хоҳад дошт.
Бар асоси ин санад, воҳидҳои ин низом навбатдории ҷангиро дар нуқтаҳои фармондеҳии кишварҳои узви ин созишнома амалӣ хоҳанд кард.
Давлатҳои узв муваззаф шудаанд, ки иттилои дарёфтӣ дар доираи ин низомро ба кишварҳои сеюм надиҳанд ва бар зарари узви дигари созмон истифода накунанд.
Лентаи хабарҳо
0