https://sputnik.tj/20211202/tojikiston-tijorat-kishvarho-idm-afzoish-1043893113.html
Чӣ гуна Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш медиҳад
Чӣ гуна Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар соли 2021 беш аз 2,4 миллиард долларро ташкил дод
2021-12-02T16:00+0500
2021-12-02T16:00+0500
2021-12-02T16:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
гардиши мол
идм
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032765799_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_d9c904d02a59cfd3e4c20a53ce51c3c6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Аз аввали соли 2021 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар поёни нӯҳ моҳ ҳаҷми муомилот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - 26,4% афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, 47,9%-и ҳаҷми умумии гардиши молии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Аммо афзоиши гардиши мол танҳо бо ҳафт кишвари иттиҳод мушоҳида мешавад. Чунончи, савдо бо Туркманистон 2,4 баробар, бо Қазоқистон 31,2 фоиз ва бо Ӯзбекистон кариб 30 фоиз афзуд. Дар ин давра гардиши мол бо дигар кишварҳои ИДМ манфӣ арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон дар доираи ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳастанд. Ҳаҷми гардиши мол бо Русия дар даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиард доллар, бо Қазоқистон беш аз 936,4 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 354 миллион долларро ташкил додааст. БАОР омилҳои коҳиш ёфтани тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфтИнчунин бояд гуфт, ки тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол нисбат ба нишондиҳандаҳои содирот қариб 5 маротиба зиёдтар буд. Қаблан Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки ҳадафи аслии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон ба 2 миллиард доллар расонидани гардиши мол дар як сол аст.
https://sputnik.tj/20211201/gardish-mol-rusiya-tojikiston-1043861482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032765799_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_801e7bfee72557e179b3919cc001e6d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, тоҷикистон, савдо,
Чӣ гуна Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш медиҳад
Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар соли 2021 беш аз 2,4 миллиард долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Аз аввали соли 2021 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар поёни нӯҳ моҳ ҳаҷми муомилот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - 26,4% афзоиш ёфтааст.
"Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин муддат беш аз 2,4 миллиард долларро ташкил дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ, 47,9%-и ҳаҷми умумии гардиши молии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд.
Аммо афзоиши гардиши мол танҳо бо ҳафт кишвари иттиҳод мушоҳида мешавад.
Чунончи, савдо бо Туркманистон 2,4 баробар, бо Қазоқистон 31,2 фоиз ва бо Ӯзбекистон кариб 30 фоиз афзуд.
Дар ин давра гардиши мол бо дигар кишварҳои ИДМ манфӣ арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон дар доираи ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Ҳаҷми гардиши мол бо Русия дар даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиард доллар, бо Қазоқистон беш аз 936,4 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 354 миллион долларро ташкил додааст.
Инчунин бояд гуфт, ки тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол нисбат ба нишондиҳандаҳои содирот қариб 5 маротиба зиёдтар буд.
Қаблан Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки ҳадафи аслии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон ба 2 миллиард доллар расонидани гардиши мол дар як сол аст.