https://sputnik.tj/20211207/maktab-mehmonkhona-sokhtmon-andoz-1043992241.html
Аз мактабҳо то меҳмонхона: сохтмонҳое, ки соли 2022 аз сабукиҳои молиётӣ бархурдоранд
Аз мактабҳо то меҳмонхона: сохтмонҳое, ки соли 2022 аз сабукиҳои молиётӣ бархурдоранд
Sputnik Тоҷикистон
Муассисаю иншооте, ки сохтмонашон дар соли 2022 сабукиҳои андозию гумрукӣ доранд, номбар карда шуданд
2021-12-07T14:40+0500
2021-12-07T14:40+0500
2021-12-07T16:09+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
маориф
данғара
сохтмон
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1e/1043840663_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_5a0f4f7d6fe0ad552078cf25d8986e6a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд. Ин нукта дар Қонуни буҷа барои соли 2022 таъкид шудааст.Бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори "Исмоили Сомонӣ", ки аз сабукиҳои молиётӣ бархӯрдор аст, соли 2006-ум оғоз гардида, ҳанӯз анҷом наёфтааст. Инчунин сохтмони бинои чандманзураи маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ аз ин гуна сабукиҳо баҳраманд аст. Бар асоси Қонуни буҷаи соли 2022, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ аз пардохти андоз озоданд. Ин макотиб барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода бо маблағгузории Русия бунёд мешаванд. Мактабҳое, ки ширкати чинии ТВЕА барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат ва барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод месозад, аз сабукиҳо бархӯрдор мебошанд, омадааст дар қонун. Муассисаи таълимии дигар барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ширкати чинии "Синохайдро" ва мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сафоратхонаи Туркманистон сохта мешавад, ки онҳо низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озоданд. Инчунин таъкид шудааст, молу маҳсулоте, ки тибқи номгӯи тасдиқкардаи ҳукумат барои бунёди иншооти мазкур ворид мешаванд, бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ дастрас мегарданд.
https://sputnik.tj/20211206/milliard-somoni-buja-mahalli-vmkb-khatlon-1043974829.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1e/1043840663_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_1da467331c17f9b82a659c57343c19d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, маориф, данғара, сохтмон, мактаб
дар тоҷикистон, иқтисод, маориф, данғара, сохтмон, мактаб
Аз мактабҳо то меҳмонхона: сохтмонҳое, ки соли 2022 аз сабукиҳои молиётӣ бархурдоранд
14:40 07.12.2021 (Навсозишуда: 16:09 07.12.2021) Муассисаю иншооте, ки сохтмонашон дар соли 2022 сабукиҳои молиётию гумрукӣ доранд, номбар шуданд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд. Ин нукта дар Қонуни буҷа барои соли 2022 таъкид шудааст.
Бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори "Исмоили Сомонӣ", ки аз сабукиҳои молиётӣ бархӯрдор аст, соли 2006-ум оғоз гардида, ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Инчунин сохтмони бинои чандманзураи маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ аз ин гуна сабукиҳо баҳраманд аст. Бар асоси Қонуни буҷаи соли 2022, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ аз пардохти андоз озоданд.
Ин макотиб барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода бо маблағгузории Русия бунёд мешаванд.
Мактабҳое, ки ширкати чинии ТВЕА барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат ва барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод месозад, аз сабукиҳо бархӯрдор мебошанд, омадааст дар қонун.
Муассисаи таълимии дигар барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ширкати чинии "Синохайдро" ва мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сафоратхонаи Туркманистон сохта мешавад, ки онҳо низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озоданд.
Инчунин таъкид шудааст, молу маҳсулоте, ки тибқи номгӯи тасдиқкардаи ҳукумат барои бунёди иншооти мазкур ворид мешаванд, бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ дастрас мегарданд.