https://sputnik.tj/20211206/milliard-somoni-buja-mahalli-vmkb-khatlon-1043974829.html
Беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ВМКБ ва Хатлон ихтисос меёбад
Беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ВМКБ ва Хатлон ихтисос меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Буҷаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои мусоидати молиявии буҷаҳои маҳаллӣ дар соли 2022 беш аз 1,1миллиард сомонӣ равона мекунад
2021-12-06T18:20+0500
2021-12-06T18:20+0500
2021-12-06T20:14+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вмкб
мусоидат
буҷа
хатлон
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_213:0:1400:667_1920x0_80_0_0_b4eac38f1e0ec6956b6d9b5987006572.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Мусоидати молӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 142 миллион сомонӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба буҷаҳои ВМКБ, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ тахсис мешавад. Бар асоси Қонуни буҷаи Тоҷикистон, барои соли 2022 аз буҷаи ҷумҳурӣ барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 213 миллион сомонӣ ва вилояти Хатлон 603 миллион ҷудо мегардад. Дар феҳрасти гирандаҳои дигари мусоидати молӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ инчунин ноҳияҳои Варзоб (15,3 миллион), Рашт (51,9 миллион), Лахш (36 миллион), Нуробод (39,9 миллион), Рӯдакӣ (64,8 миллион), Сангвор (18 миллион сомонӣ) зикр шудаанд. Инчунин ноҳияи Тоҷикобод 25 миллион, Файзобод 44 миллион ва ноҳияи Шаҳринав 29 миллион сомонӣ субвенсия мегиранд. Таъкид шудааст, ки мусоидати молӣ ё худ субвенсия ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо мешавад.
https://sputnik.tj/20211205/million-digar-pul-fond-zakhiravi-prezident-soli-nav-1043951533.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_265:0:1374:832_1920x0_80_0_0_7f2628389bc30f17ba9f67963ecaa14e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҷа, ҷумҳуриявӣ, мусоидат, кумак, 1,1 миллиард, вмкб
буҷа, ҷумҳуриявӣ, мусоидат, кумак, 1,1 миллиард, вмкб
Беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ВМКБ ва Хатлон ихтисос меёбад
18:20 06.12.2021 (Навсозишуда: 20:14 06.12.2021) Буҷаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои мусоидати молӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ дар соли 2022 беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ихтисос медиҳад
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Мусоидати молӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 142 миллион сомонӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба буҷаҳои ВМКБ, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ тахсис мешавад.
Бар асоси Қонуни буҷаи Тоҷикистон, барои соли 2022 аз буҷаи ҷумҳурӣ барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 213 миллион сомонӣ ва вилояти Хатлон 603 миллион ҷудо мегардад.
Дар феҳрасти гирандаҳои дигари мусоидати молӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ инчунин ноҳияҳои Варзоб (15,3 миллион), Рашт (51,9 миллион), Лахш (36 миллион), Нуробод (39,9 миллион), Рӯдакӣ (64,8 миллион), Сангвор (18 миллион сомонӣ) зикр шудаанд.
Инчунин ноҳияи Тоҷикобод 25 миллион, Файзобод 44 миллион ва ноҳияи Шаҳринав 29 миллион сомонӣ субвенсия мегиранд.
Таъкид шудааст, ки мусоидати молӣ ё худ субвенсия ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо мешавад.