https://sputnik.tj/20211204/rasulzoda-sokhtmon-khatlon-talabot-javobgu-1043937364.html
Расулзода хост, сохтмонҳо дар Хатлон ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд
Расулзода хост, сохтмонҳо дар Хатлон ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Расулзода вусъат бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ба инобат гирифтани талаботи муосири сохтмонӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави кориро дар иншооти бунёдшаванда зарур шуморид
2021-12-04T12:33+0500
2021-12-04T12:33+0500
2021-12-06T13:00+0500
дар тоҷикистон
таҷдид
қоҳир расулзода
сохтмон
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032710019_0:0:3069:1727_1920x0_80_0_0_dc892d408c88fad2f9f885865a362b55.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба навоҳии Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар карда, бо ҷараёни корҳои ободонӣ ошно шудааст.Дар ноҳияи Фархор Расулзода бо ҷараёни корҳои таҷдиду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии “Уртабуз” ва тадбирҳои ободонӣ дар ноҳия ошно шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Таҷдиди пойгоҳҳои обкашии мавзеи "Уртабуз" дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ” аз соли 2020 оғоз гардидааст.Гуфта мешавад, ки дар мавзеи мазкур 5700 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, тавассути пойгоҳи обкашии "Уртабуз-1" 1381 гектар ва пойгоҳи обкашии "Уртабуз" 4 3914 гектар замин обёрӣ мешавад.Манбаъ афзуда, ки дар доираи Ҷашни 30-солагии истиқлол дар ноҳияи Фархор 503 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз ин 13 ададаш ба соҳаи тандурустӣ ва 28-тои дигараш ба соҳаи маориф марбут аст.Айни замон дар 44 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.Бояд гуфт, тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ аслан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша анҷом мешаванд.Дар идомаи сафараш Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сехи дӯзандагӣ, маркази хидматрасонӣ ва хатти нави коркарди намаки оширо ба истифода супорида, бо фаъолияти ҶДММ “ТОҶАГРО” ва “Нонпаз”, бо ҷараёни корҳои тозакунии каналу заҳкашҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намудааст.Марказҳои хидматрасонӣ дар деҳаи Меҳнатобод аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи ҷашнҳои миллӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудаанд.Дар марказҳои хидматрасонӣ сехӣ дӯзандагӣ, нуқтаи таъмири автомашинаҳои сабукрав, маркази забономӯзӣ ва толори варзишӣ ҷойгир мебошад.Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ду иншооти хидматрасонӣ наздики 30 нафар ва хатти нави истеҳсолӣ дар корхонаи коркарди намак дар ҶДММ “Алоқа” 13 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштааст.Корхонаи мазкур асосан аз соли 2003 фаъолият менамояд.
https://sputnik.tj/20211122/sughd-khatlon-gulgasht-duo-modar-1043683483.html
https://sputnik.tj/20211006/maqomot-khatlon-shumora-bekoron-guft-1042679086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032710019_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c97f633b35c1fbeae86e3af0ccf30072.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода, сохтмон, ободонӣ, фархор,
қоҳир расулзода, сохтмон, ободонӣ, фархор,
Расулзода хост, сохтмонҳо дар Хатлон ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд
12:33 04.12.2021 (Навсозишуда: 13:00 06.12.2021) Расулзода дастур дод, то сохтмонҳои нав ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанду дар иншооти нав ҷойҳои корӣ созмон дода шаванд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба навоҳии Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар карда, бо ҷараёни корҳои ободонӣ ошно шудааст.
Дар ноҳияи Фархор Расулзода бо ҷараёни корҳои таҷдиду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии “Уртабуз” ва тадбирҳои ободонӣ дар ноҳия ошно шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Таҷдиди пойгоҳҳои обкашии мавзеи "Уртабуз" дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ” аз соли 2020 оғоз гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар мавзеи мазкур 5700 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, тавассути пойгоҳи обкашии "Уртабуз-1" 1381 гектар ва пойгоҳи обкашии "Уртабуз" 4 3914 гектар замин обёрӣ мешавад.
Манбаъ афзуда, ки дар доираи Ҷашни 30-солагии истиқлол дар ноҳияи Фархор 503 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз ин 13 ададаш ба соҳаи тандурустӣ ва 28-тои дигараш ба соҳаи маориф марбут аст.
Айни замон дар 44 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Бояд гуфт, тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ аслан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша анҷом мешаванд.
"Расулзода вусъат бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ба инобат гирифтани талаботи муосири сохтмонӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави кориро дар иншооти бунёдшаванда зарур шуморид", - омадааст дар хабар.
Дар идомаи сафараш Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сехи дӯзандагӣ, маркази хидматрасонӣ ва хатти нави коркарди намаки оширо ба истифода супорида, бо фаъолияти ҶДММ “ТОҶАГРО” ва “Нонпаз”, бо ҷараёни корҳои тозакунии каналу заҳкашҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намудааст.
Марказҳои хидматрасонӣ дар деҳаи Меҳнатобод аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи ҷашнҳои миллӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудаанд.
Дар марказҳои хидматрасонӣ сехӣ дӯзандагӣ, нуқтаи таъмири автомашинаҳои сабукрав, маркази забономӯзӣ ва толори варзишӣ ҷойгир мебошад.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ду иншооти хидматрасонӣ наздики 30 нафар ва хатти нави истеҳсолӣ дар корхонаи коркарди намак дар ҶДММ “Алоқа” 13 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштааст.
Корхонаи мазкур асосан аз соли 2003 фаъолият менамояд.