Баъди Суғд: Дар Хатлон низ гулгашти "Дуои модар" сохта мешавад

© котиботи ҳукумати ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми боздид аз боғҳои ноҳияи Ҷайҳун
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми боздид аз боғҳои ноҳияи Ҷайҳун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон низ бунёди гулгашти "Дуои модар" ва "Оташи абадӣ" дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон бо сохтмони толори тобистона ва гулгаштҳои "Дуои модар"-у "Оташи абадӣ" дар шаҳри Бохтар шинос шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси Хатлон, бунёди иншооти мазкурро ҳукумати вилоят маблағгузорӣ мекунад.

"Иншооти мазкур дар ҳаҷми 0.60 гектар доман паҳн намуда, дар он гулгашти "Дуои модар" ва "Оташи абадӣ" сохта мешавад", - хабар додааст "Ховар" аз қавли мақомоти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода дастур додааст, ки корҳои сохтмонӣ дар мавзеи мазкур бояд тарзе амалӣ шаванд, ки барои халқ ҷоллибу муфид бошанд.
Ин талоши мақомоти Хатлон дар ҳолест, ки қаблан дар вилояти Суғд, раёсати Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, дар саҳни фурудгоҳ гулгашт ва муҷассамаи “Дуои модар”-ро бунёд намуд.
Ифтитоҳи маҷмааи Дуои модар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Ашки раисҷумҳур зимни ифтитоҳи пайкараи "Дуои модар" - видео
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ хабар дода буд, ки массамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метр аст.
Пайкараро Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳайкалтарош омода карда, дар пояи он манзараҳои биҳишт тасвир ёфтаанд, ки ба маънои "биҳишт зери қудуми модарон аст".
Лентаи хабарҳо
0