https://sputnik.tj/20211202/jabha-muqovimat-faqr-afghoniston-1043887985.html
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кӣ дар фақр ва мушкилоти Афғонистон гунаҳкор аст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кӣ дар фақр ва мушкилоти Афғонистон гунаҳкор аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон дар бораи гунаҳкорони мушкилоти пайвастаи Афғонистон ва ба фақр уфтодани марду гуфт
2021-12-02T13:40+0500
2021-12-02T13:40+0500
2021-12-22T19:37+0500
афғонистон
фақр
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910065_128:0:1152:576_1920x0_80_0_0_6c9cb7fe1491311268cb8c82ab0af668.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Толбон дар фақр ва мушкилоти пайвастаи Афғонистон гнаҳкор аст, гуфт сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ. Ӯ ҳамзамон бо изҳори сипос аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба афғонистониҳо аз сохторҳои байналмилалӣ хостааст, ки фаъолияташонро идома диҳанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон. Дар изҳороте, ки Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи нави Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нашр кардааст, сабаби муҳоҷир шудани ҳазорон афғонистонӣ низ гуфта шудааст.Ҷабҳаи муқовимат: Субҳи зафар наздик астБа қавли ӯ, муносибати ваҳшиёна ва сахтгиронаи толибон нисбат ба аҳолӣ сабаби муҳоҷирати ҳазорон оила дар дохил ва хориҷи Афғонистон шудааст.Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ равад.Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кардАҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.
https://sputnik.tj/20211030/fojiai-bashari-mardum-afghoniston-faqr-1043179705.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910065_256:0:1024:576_1920x0_80_0_0_50dc9a3b844117a5303190ed3ce6061f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, фақр, толибон,
афғонистон, фақр, толибон,
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кӣ дар фақр ва мушкилоти Афғонистон гунаҳкор аст
13:40 02.12.2021 (Навсозишуда: 19:37 22.12.2021) Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон дар бораи гунаҳкорони мушкилоти пайвастаи Афғонистон ва ба фақр уфтодани марду гуфт
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Толбон дар фақр ва мушкилоти пайвастаи Афғонистон гнаҳкор аст, гуфт сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ.
Ӯ ҳамзамон бо изҳори сипос аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба афғонистониҳо аз сохторҳои байналмилалӣ хостааст, ки фаъолияташонро идома диҳанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Дар изҳороте, ки Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи нави Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нашр кардааст, сабаби муҳоҷир шудани ҳазорон афғонистонӣ низ гуфта шудааст.
Ба қавли ӯ, муносибати ваҳшиёна ва сахтгиронаи толибон нисбат ба аҳолӣ сабаби муҳоҷирати ҳазорон оила дар дохил ва хориҷи Афғонистон шудааст.
Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ равад.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.