https://sputnik.tj/20211124/qirghiziston-roh-hall-afghoniston-1043731820.html
Қирғизистон се роҳи ҳалли мушкили Афғонистонро пешниҳод кард: ҷабҳа намешавад
Қирғизистон се роҳи ҳалли мушкили Афғонистонро пешниҳод кард: ҷабҳа намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мавқеи аввалро кишварҳои ғарбӣ дастгирӣ мекунанд, дуюм - давлатҳои номаълум ва саввум кори аксари минтақаҳо мебошанд
2021-11-24T13:40+0500
2021-11-24T13:40+0500
2021-11-24T14:52+0500
сиёсат
афғонистон
мушкилот
роҳ
ҳал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900188_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_deb4d492d8562ed3bc81e4e52bc81cce.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Се роҳи ҳалли "масъалаи Афғонистон"-ро муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масодиқов дар конфронси Қирғизистону Русия бахшида ба мушкилоти Афғонистон номбар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.Дар аввал коршинос аз ду роҳ гуфт, вале дар рафти суханронӣ як роҳи дигарро низ зикр кард. "Ду роҳ вуҷуд дорад. Яке ин аст, ки ҳама чизро тавре мемонему шарикони ғарбии мо пешниҳод мекунанд: дахолат накунем ва мунтазир шавем, ки ҳукумати толибон шартҳоро бипазирад ва ваъдаҳои охири соли 2019 дар музокирот бо намояндагони президенти ИМА додаашро иҷро кунад, — гуфт Масодиқов. Ба гуфтаи ӯ, шояд ин мавқеъ дуруст бошад, аммо намояндагони ҳукумати нави Афғонистон ба Ғарб эътимод надоранд. Онҳо даъво доранд, ки шартҳои муқарраршударо иҷро мекунанд, вале "ба сӯйи онҳо ҳаракате нест ва шартҳои нав пеш мегузоранд". Роҳи дуюм низ ҳаст. Вай афзуд, роҳи сеюми ҳалли мушкилот кӯшиши роҳандозии муколама, ҳамкорӣ дар баъзе соҳаҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон тавассути ҳукумати толибон аст. Вай қайд кард, ки мавқеи Русия ва Чин ба мавзегирии кишварҳои минтақа шабоҳат дорад.Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибонДар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт."Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.
https://sputnik.tj/20211124/siyosat-tolibon-taghyir-1043730046.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900188_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_928b4f6e6f19f2a94af5f83fba448ac3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳалли мушкил, қирғизистон, се роҳ
афғонистон, ҳалли мушкил, қирғизистон, се роҳ
Қирғизистон се роҳи ҳалли мушкили Афғонистонро пешниҳод кард: ҷабҳа намешавад
13:40 24.11.2021 (Навсозишуда: 14:52 24.11.2021) Гузинаи аввалро кишварҳои ғарбӣ дастгирӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Се роҳи ҳалли "масъалаи Афғонистон"-ро муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масодиқов дар конфронси Қирғизистону Русия бахшида ба мушкилоти Афғонистон номбар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар аввал коршинос аз ду роҳ гуфт, вале дар рафти суханронӣ як роҳи дигарро низ зикр кард.
"Ду роҳ вуҷуд дорад. Яке ин аст, ки ҳама чизро тавре мемонему шарикони ғарбии мо пешниҳод мекунанд: дахолат накунем ва мунтазир шавем, ки ҳукумати толибон шартҳоро бипазирад ва ваъдаҳои охири соли 2019 дар музокирот бо намояндагони президенти ИМА додаашро иҷро кунад, — гуфт Масодиқов.
Ба гуфтаи ӯ, шояд ин мавқеъ дуруст бошад, аммо намояндагони ҳукумати нави Афғонистон ба Ғарб эътимод надоранд.
Онҳо даъво доранд, ки шартҳои муқарраршударо иҷро мекунанд, вале "ба сӯйи онҳо ҳаракате нест ва шартҳои нав пеш мегузоранд".
"Баъзе субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ (ин кишварҳоро номбар намекунем) дар бораи ташкили муқовимат ба ҳукумати кунунии Афғонистон ҳарф мезананд. Ин натиҷа медиҳад ё не? Бо итминон метавонам бигӯям, ки не. Ташкил кардани муқовимат ва азсаргирии низоъ дар Афғонистон ва атрофи он роҳи ҳал нест.
Вай афзуд, роҳи сеюми ҳалли мушкилот кӯшиши роҳандозии муколама, ҳамкорӣ дар баъзе соҳаҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон тавассути ҳукумати толибон аст.
"Ин як роҳи халосӣ аст, ҳарчанд касе кафолат намедиҳад. Оё он муваффақ мешавад, натиҷае медиҳад, ки мо дар ин бора фикр мекунем? На танҳо Қирғизистон, балки тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамин тавр фикр мекунанд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки мавқеи Русия ва Чин ба мавзегирии кишварҳои минтақа шабоҳат дорад.
Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон
Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.