https://sputnik.tj/20211204/800-000-kudak-afghon-manzil-nadorand-1043942373.html
Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надорад
Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надорад
Sputnik Тоҷикистон
Бо фарорасии фалси сармо зиндагии мардуми афғон ва ба вижа кӯдакон душвор мешавад
2021-12-04T17:31+0500
2021-12-04T17:31+0500
2021-12-06T13:33+0500
афғонистон
толибон
фақр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040707336_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_a58c7f207c90b9af78d50c39115a06a6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надоранд. Дар ин бора созмони байнулмилалии "Save the Children" хабар медиҳад, ки маълумоти онро "TOLOnews" пешниҳод кардааст. Ба гуфти онҳо, 8,5 миллион ноболиғ бо фарорасии сармо имкони кофӣ барои гарм кардани худро надоранд. Дар наворе, ки Sputnik Афғонистон дар саҳифааш дар телеграмм нашр кардааст, дида мешавад, ки кӯдакон барои дарёфти қути лоямут дар кӯчаҳо кор мекунанд.Онҳо мегӯянд, бояд ба кор раванд, аммо на ҳама кору нон доранд. Ба гуфти Билол Каримӣ, муовини сухангӯи толибон, ин гурӯҳ талош дорад, мушкилро тавассути идомаи тамосҳо барои ҷалби кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ҳал кунад.Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ равад.Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кардАҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.
https://sputnik.tj/20211204/nigaroni-vaz-qirghiz-pomir-1043939593.html
https://sputnik.tj/20211030/fojiai-bashari-mardum-afghoniston-faqr-1043179705.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040707336_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_2dc0a5084c97cd3dc88e06039eabd3f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
800 000 кӯдаки афғон, манзил, афғонистон,
800 000 кӯдаки афғон, манзил, афғонистон,
Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надорад
17:31 04.12.2021 (Навсозишуда: 13:33 06.12.2021) Бо фарорасии фасли сармо зиндагии мардуми афғонистонӣ ва бавижа кӯдакон душвор мешавад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надоранд. Дар ин бора созмони байнулмилалии "Save the Children" хабар медиҳад, ки маълумоти онро "TOLOnews" пешниҳод кардааст.
Ба гуфти онҳо, 8,5 миллион ноболиғ бо фарорасии сармо имкони кофӣ барои гарм кардани худро надоранд.
Дар наворе, ки Sputnik Афғонистон дар саҳифааш дар телеграмм нашр кардааст, дида мешавад, ки кӯдакон барои дарёфти қути лоямут дар кӯчаҳо кор мекунанд.
Онҳо мегӯянд, бояд ба кор раванд, аммо на ҳама кору нон доранд.
Ба гуфти Билол Каримӣ, муовини сухангӯи толибон, ин гурӯҳ талош дорад, мушкилро тавассути идомаи тамосҳо барои ҷалби кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ҳал кунад.
Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ равад.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.