https://sputnik.tj/20211030/fojiai-bashari-mardum-afghoniston-faqr-1043179705.html
Фоҷиаи башарӣ: 97%-и мардуми Афғонистон ба фақр фурӯ меравад
Фоҷиаи башарӣ: 97%-и мардуми Афғонистон ба фақр фурӯ меравад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар саросари ҷаҳон аз пеш омадани фоҷиабортарин вазъ дар кишвари худ бонги хатар задаанд
2021-10-30T13:00+0500
2021-10-30T13:00+0500
2021-11-01T11:54+0500
афғонистон
гурӯҳи террористии "толибон"
фақр
фоҷеа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042964830_0:317:3079:2048_1920x0_80_0_0_c45c3e6bc80b5edc393fc1ece4c4b5d7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаи кӯмак ба ин кишварро карда буд, аммо иҷро намекунад.Баёнияи ҳайатҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, вазъи кишварро яке аз печидатарин буҳронҳои башардӯстона дар таърихи кишвар хонда, даргириҳои таҳмилии чаҳор даҳаи гузашта, фақри бумӣ, асароти номатлуби тағйироти обуҳавоӣ ва рукуди иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели COVID-19-ро сабабҳои асосӣ хондааст.Қаблан ожонсҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карда буданд, ки дар Афғонистон чаҳордаҳ миллион нафар (аз ҳар се як нафар) бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ аст ва ҳудуди се миллион кӯдак дар маърази хатари суитағзияи ҳод ё камбуди шадиди ғизоъ қарор доранд.Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ бираванд.Ҳайатҳои дипломатии Ҷумҳури Исломии Афғонистон аз баргузории конфронси вазирон дар сатҳ олӣ дар мавриди вазъияти башардӯстонаи Афғонистон тавассути Антонио Гутуреш, Дабири кулли СММ дар моҳи гузашта истиқбол карда, аз ин ки беш аз 100 кишвару 30 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ дар он ширкат карданд ва саховатмандона 1,2 миллиард доллар, шомили 606 миллион доллар барои чаҳор моҳи оянда, то поён моҳ декабр тааҳҳуд карданд, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.“Бо ин ҳол, ба гуфтаи СММ, аз маблағи ахир танҳо 300 миллион доллар дарёфт кардааст, ки барои рафъи ниёзҳои фаврии гурӯҳҳои осебпазири Афғонистон дар саросари кишвар кофӣ нест. Аз ин рӯ мо қавиан аз дархости Гутерреш, дабири кулли СММ аз ҷомеаи байналмилал барои пардохти кумакҳои молии саховатмандонаи худ барои кӯмак ба ҷилавгирӣ аз бадтарин сенарияҳо дар сурати нарсидани кӯмакҳо ба афроди ниёзманд ҳимоят мекунем”, - омадааст дар баёния.Онҳо аз “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) хостаанд, ки эҳтироми комил ба ҳуқуқи башар, қавонини байналмилалии башардӯстона ва усулро тазмин кунад, то кумакҳои башардӯстона битавонад ба ҳамаи афроди ниёзманд бирасад.Ин ҳайатҳои дипломатӣ марбути ҳукумати қаблии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури фирории Афғонистон буда, дар ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон, дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон кор мекунанд.
https://sputnik.tj/20211030/maskav-dushanbe-afghon-yakjo-muboriza-1043177140.html
https://sputnik.tj/20211028/afghoniston-furush-kudak-1043147960.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042964830_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_148fedaf5bca777ccc9b2c2dcda816f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, фақр, фоҷеаи инсонӣ, хатар, фоҷиабортарин, дипломат
афғонистон, фақр, фоҷеаи инсонӣ, хатар, фоҷиабортарин, дипломат
Фоҷиаи башарӣ: 97%-и мардуми Афғонистон ба фақр фурӯ меравад
13:00 30.10.2021 (Навсозишуда: 11:54 01.11.2021) Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар саросари ҷаҳон аз пеш омадани фоҷиабортарин вазъ дар кишвари худ бонги хатар задаанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаи кӯмак ба ин кишварро карда буд, аммо иҷро намекунад.
Баёнияи ҳайатҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, вазъи кишварро яке аз печидатарин буҳронҳои башардӯстона дар таърихи кишвар хонда, даргириҳои таҳмилии чаҳор даҳаи гузашта, фақри бумӣ, асароти номатлуби тағйироти обуҳавоӣ ва рукуди иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели COVID-19-ро сабабҳои асосӣ хондааст.
“Муҳиммтар аз ин хушунати шадид дар шаш моҳи гузашта, нотавонии давлат дар ироаи хадамоти умумии муассир ва ихлол дар назми Қонуни Асосӣ, чашмандози бади башардӯстонаро дар саросари Афғонистон ташдид кардааст, то ҷое ки суқути қарибулуқуи ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисоди кулли Афғонистон бармало шуда, миллат ба лаби партгоҳ расидааст”, - омадааст дар баёния.
Қаблан ожонсҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карда буданд, ки дар Афғонистон чаҳордаҳ миллион нафар (аз ҳар се як нафар) бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ аст ва ҳудуди се миллион кӯдак дар маърази хатари суитағзияи ҳод ё камбуди шадиди ғизоъ қарор доранд.
Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ бираванд.
Ҳайатҳои дипломатии Ҷумҳури Исломии Афғонистон аз баргузории конфронси вазирон дар сатҳ олӣ дар мавриди вазъияти башардӯстонаи Афғонистон тавассути Антонио Гутуреш, Дабири кулли СММ дар моҳи гузашта истиқбол карда, аз ин ки беш аз 100 кишвару 30 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ дар он ширкат карданд ва саховатмандона 1,2 миллиард доллар, шомили 606 миллион доллар барои чаҳор моҳи оянда, то поён моҳ декабр тааҳҳуд карданд, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
“Бо ин ҳол, ба гуфтаи СММ, аз маблағи ахир танҳо 300 миллион доллар дарёфт кардааст, ки барои рафъи ниёзҳои фаврии гурӯҳҳои осебпазири Афғонистон дар саросари кишвар кофӣ нест. Аз ин рӯ мо қавиан аз дархости Гутерреш, дабири кулли СММ аз ҷомеаи байналмилал барои пардохти кумакҳои молии саховатмандонаи худ барои кӯмак ба ҷилавгирӣ аз бадтарин сенарияҳо дар сурати нарсидани кӯмакҳо ба афроди ниёзманд ҳимоят мекунем”, - омадааст дар баёния.
Онҳо аз “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) хостаанд, ки эҳтироми комил ба ҳуқуқи башар, қавонини байналмилалии башардӯстона ва усулро тазмин кунад, то кумакҳои башардӯстона битавонад ба ҳамаи афроди ниёзманд бирасад.
Ин ҳайатҳои дипломатӣ марбути ҳукумати қаблии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури фирории Афғонистон буда, дар ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон, дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон кор мекунанд.