https://sputnik.tj/20211203/shtammi-nav-koronavirus-awrupo-1043919370.html
Таҳдид ба Аврупо: штамми нави коронавирус дар кишварҳои ИА паҳн мешавад
Таҳдид ба Аврупо: штамми нави коронавирус дар кишварҳои ИА паҳн мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Зиёда аз нисфи аврупоиҳо метавонанд дар чанд моҳи оянда аз шиддати omicron таъсир расонанд
2021-12-03T15:20+0500
2021-12-03T15:20+0500
2021-12-03T18:50+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
аврупо
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043107198_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_f97eada397da35a5695567c06e7a1a9d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Тибқи маълумоти Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Аврупо паҳншавии штамми нави коронавирус суръат мегирад ва эҳтимол ба зудӣ беш аз нисфи аҳолии кишварҳои Аврупоро сироят кунад. Дар баробари ин хадамоти матбуотии идора то ҳол гуфта наметавонад, ки вируси мутатсионӣ то чӣ андоза зуд паҳн мешавад, ин беморӣ то чӣ андоза душворгузар аст ва самаранокии муҳофизати иммунӣ дар беморони гирифторшуда чӣ гуна аст.Манбаъ қайд мекунад, ки барои пешгирии паҳншавии штамми нав дар Иттиҳоди Аврупо ва чораҳои пешгирикунанда ва муҳофизатӣ лозим аст. Қаблан пизишки амрози дарунии дараҷаи олӣ Алексей Водовозов тавзеҳ дода буд, ки вирус бо мақсади афзоиш ва забти ҳарчи бештари организмҳо таҳаввул ва такмил меёбад, ин хатари асосии он аст. Коршинос ҳамчунин қайд кард, ҳоло барои қазоват кардан дар бораи чӣ гуна интиқол ёфтани беморӣ ва сатҳи фавт аз он барвақт аст, зеро тадқиқоти анҷомшуда барои ин кофӣ нест. Ёдовар мешавем, дар Африқои Ҷанубӣ штамми нави "омикрон" кашф карда шуд. Ҳоло ин навъи мутатсия дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20211203/koronavirus-omikron-beshtar-siroyatkunanda-1043909335.html
https://sputnik.tj/20211202/sjb-shtamm-omikron-davlat-roh-yoft-1043886155.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043107198_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_154a17562fa34e5cb6877abedb82042b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, паҳншавӣ, коронавирус,
аврупо, паҳншавӣ, коронавирус,
Таҳдид ба Аврупо: штамми нави коронавирус дар кишварҳои ИА паҳн мешавад
15:20 03.12.2021 (Навсозишуда: 18:50 03.12.2021) Беш аз нисфи аврупоиҳо дар чанд моҳи оянда эҳтимол зери таъсири "омикрон" қарор гиранд
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Тибқи маълумоти Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Аврупо паҳншавии штамми нави коронавирус суръат мегирад ва эҳтимол ба зудӣ беш аз нисфи аҳолии кишварҳои Аврупоро сироят кунад.
Дар баробари ин хадамоти матбуотии идора то ҳол гуфта наметавонад, ки вируси мутатсионӣ то чӣ андоза зуд паҳн мешавад, ин беморӣ то чӣ андоза душворгузар аст ва самаранокии муҳофизати иммунӣ дар беморони гирифторшуда чӣ гуна аст.
Манбаъ қайд мекунад, ки барои пешгирии паҳншавии штамми нав дар Иттиҳоди Аврупо ва чораҳои пешгирикунанда ва муҳофизатӣ лозим аст.
Қаблан пизишки амрози дарунии дараҷаи олӣ Алексей Водовозов тавзеҳ дода буд, ки вирус бо мақсади афзоиш ва забти ҳарчи бештари организмҳо таҳаввул ва такмил меёбад, ин хатари асосии он аст.
Коршинос ҳамчунин қайд кард, ҳоло барои қазоват кардан дар бораи чӣ гуна интиқол ёфтани беморӣ ва сатҳи фавт аз он барвақт аст, зеро тадқиқоти анҷомшуда барои ин кофӣ нест.
Ёдовар мешавем, дар Африқои Ҷанубӣ штамми нави "омикрон" кашф карда шуд. Ҳоло ин навъи мутатсия дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон сабт шудааст.