Навъи нави коронавирус - "омикрон" се баробар бештар сироят мекунад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПандемия коронавируса
Пандемия коронавируса   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Обуна шудан
Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, ки навъи "омикрон" хатари сирояти дубора ба коронавирусро се баробар афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Олимон аз Африқои Ҷанубӣ хатари гирифтории дубора ба "омикрон"-и COVID-19-ро арзёбӣ карданд.
Гуфта мешавад, навъи "омикрон"-и коронавирус барои онҳое, ки қаблан ба COVID-19 гирифтор шуда буданд, нисбат ба навъи қаблӣ, аз ҷумла "делта" се баробар бештар сирояткунанда аст.
Дар ин бора дар пажуҳиши олимони Африқои Ҷанубӣ, ки дар сомонаи "MedRxiv" нашр шудааст, иттилоъ дода мешавад.
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ: Штамми "омикрон" ба 23 давлат роҳ ёфт
Ба гуфтаи Энн Фон Готберг, корманди Институти миллии бемориҳои сироятии Африқои Ҷанубӣ, тамоюли сирояти дубора ба коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ба таври возеҳ мушоҳида мешавад.
Вай изҳор дошт, ки далели шифо ёфтан аз КОВИД дар натиҷаи гирифторӣ ба яке аз навъҳои қаблии коронавирус (делта) аз "омикрон" муҳофизат намекунад.
"Мо афзоиши шумораи одамонеро мебинем, ки қаблан коронавирусро мағлуб карда буданд, аммо дар натиҷаи паҳншавии навъи "омикрон" дубора ба COVID-19 гирифтор мешаванд. Қаблан дар Африқои Ҷанубӣ онҳое, ки гирифтори коронавирус шуда буданд, ба навъи "делта" гирифтор нашуданд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки вазъ дигар аст”, - гуфт мутахассис.
Маълум шуд, ки навъи "омикрон" дорои қобилияти хоса буда, афродеро, ки қаблан бемор шудаву масуният ҳосил карда буданд, низ сироят мекунад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Штамми нави "омикрон" - чӣ гуна аст ва чӣ хатар дорад
Пешгӯиҳо низ рӯҳбаландкунанда нестанд ва ба гуфтаи Анн Фон Готберг, сабти шумораи чунин афрод дар тамоми минтақаҳои Африқои Ҷанубӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамзамон як намояндаи Пажуҳишгоҳи тандурустии Русия афзуд, ки эмкунӣ бар зидди КОВИД аз бистарӣ шудан дар бемористон ва марг муҳофизат мекунад.
Ёдовар мешавем, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар пайи як ҷаласаи изтирорӣ навъи нави коронавируси дар Африқои Ҷанубӣ кашфшударо боиси нигаронӣ номида буд.
Лентаи хабарҳо
0