Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ: Штамми "омикрон" ба 23 давлат роҳ ёфт

© pixabayИллюстрация коронавируса
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз он бим дорад, ки ин навъи коронавирус ба кишварҳои зиёде роҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Штамми "омикрон" дар 23 кишвари ҷаҳон ошкор шудааст, хабар дод роҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус.

"Ҳадди ақал 23 кишвар дар панҷ минтақаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз ошкор шудани як штамми нав хабар дод. Ва мо бовар дорем, ки шумори онҳо афзоиш хоҳад ёфт", - изҳор дошт ӯ зимни як ҷаласа.

Дар ҳамин ҳол Мария Ван Керхове, роҳбари гурӯҳи техникии шуъбаи бемориҳои изтирории СҶБ гуфт, маълумоти бештар дар бораи сирояти "омикрон" дар рӯзҳои наздик пайдо хоҳад шуд.
"Мо ҳоло таҳқиқ карда истодаем, ки ин навъи нав чӣ гуна аст. Мо маълумоти пурра надорем, аммо эҳтимол дорад, ки он зудтар паҳн шавад", - пешгӯӣ намуд Мария.
Ба гуфтаи вай, СҶБ ҳоло якчанд сенарияи рушди пандемияро баррасӣ мекунад.
Инфаркт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Яке аз онҳо ин аст, ки штамми нав нисбат ба навъи "делта" эҳтимол зудтар паҳн шавад.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирусӣ ором арзёбӣ мешавад ва бахши тандурустӣ давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҳич як мавриди гирифторӣ ба ин вирус иттилоъ надодааст.
Вале қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи "омикрон" дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0