Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Штамми нави "омикрон" - чӣ гуна аст ва чӣ хатар дорад

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз паҳншавии навъи нави коронавирус бо номи "омикрон" изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Рӯзи 24 ноябр олимони бритонӣ аз пайдоиши навъи нави коронавирус B.1.1.529 хабар доданд. Аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Ботсвана ба қайд гирифта шуда буд, ки баъд аз он дар Африқои Ҷанубӣ чанд ҳолати дигар ошкор гардид.
Муҳаққиқон аз афзоиши шумораи мутатсияҳо дар штамм, ки метавонанд ба паҳншавии зудтари он ва муқовимат ба ваксинаҳои мавҷуда мусоидат кунанд, нигаронанд.

Дар куҷо сар зад

Аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Ботсвана рӯзи 11 ноябр сабт гардид. Пас аз се рӯз - дар Африқои Ҷанубӣ низ мавориди сироятшавӣ ба ин навъ ошкор шуд. Зимнан, "омикрон" дар Ҳонконг низ аз худ дарак дод.
Рӯзи 24 ноябр намояндагони Африқои Ҷанубӣ ба СҶБ аз бурузи ин навъ коронавирус хабар доданд. Аз он вақт инҷониб, штамми нав дар Австрия, Канада, Олмон, Италия, Британияи Кабир, Нидерландия, Белгия, Ҳонконг, Исроил, Чехия ва Австралия муайян карда шудааст.
Карантинный центр в Коммунарке во время пандемии коронавируса COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
СҶБ дар воҳима: "омикрон" метавонад боиси марги оммавӣ гардад
Иттиҳодияи Аврупо ва бисёре аз кишварҳои дигар мамнӯъияти вуруди шаҳрвандони бархе аз кишварҳои Африқоро ҷорӣ кардаанд.

Фарқияташ дар чист

Маълум гардидааст, ки штамии нав 50 мутатсия дорад. Аз ин 34-тоаш дар таркиби сафедаи хорҳо мавҷуд аст, ки бо ёрии онҳо коронавирус ба ҳуҷайраҳои инсон ворид мешавад.
Ба фикри олимон, он аз пештара хеле фарк мекунад. Профессор Тулио де Оливейра, роҳбари Маркази вокуниши эпидемиологии Африқои Ҷанубӣ гуфт, "ин вариант моро ба ҳайрат овард. Он як ҷаҳиши бузурги эволютсиониро гирифт ва тақрибан 50 мутатсияро аз сар гузаронд".
Қайд карда мешавад, ки "омикрон" назар ба варианти феълии "делта" тақрибан ду маротиба зиёдтар мутатсия дорад.

Таваҷҷӯҳи СҶБ

Созмони ҷаҳонии беҳдошт як ҷаласаи изтирорӣ даъват кард ва дар он тасмим гирифт, ки онро ҳамчун нигаронкунанда тасниф кунад.
Сотрудники лаборатории в Нанкине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
"Sinovac" гуфт, дар сурати зарурат омодааст, зидди навъи "омикрон" ваксина созад
Раиси Ассотсиатсияи ҷаҳонии пизишкон Франк Улрих Монтгомери изҳори нигаронӣ кард, ки "омикрон" -ро метавон аз ҷиҳати хатар ба вируси Эбола ва ҳамон штамми сироятии "делта" муқоиса кард.
Ин созмон мегӯяд, эҳтимоли паҳншавии он дар саросари ҷаҳон низ баланд аст.

Нишонаҳои "омикрон"

Раиси Ассотсиатсияи тиббии Африқои Ҷанубӣ Анҷелик Кутзӣ хусусиятҳои фарқкунандаи штамми нави коронавирусро номбар кард. Духтурон гумон доштанд, ки мутатсияи қавии коронавирус вақте пайдо шудааст, ки беморони зиёде бо зуҳуроти ғайриоддии COVID-19 пайдо шуданд. Аксари онҳо ҷавононе буданд, ки аз эҳсоси сахти хастагӣ шикоят мекарданд.
"Ин як бемории сабук аст, ки аломатҳои он дарди мушакҳо ва хастагӣ дар давоми як-ду рӯз ҳис мешавад. Маризон бӯй ва таъмро гум намекунанд. Ҳеҷ аломати назаррас вуҷуд надорад. Баъзе аз мубталоён дар хона табобат карда мешаванд", - шарҳ дод пизишк.
Лентаи хабарҳо
0