Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баъди тирандозӣ Тоҷикистону Қирғизистон ба посбонии муштараки марз шуруъ карданд

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Обуна шудан
Пас аз тирандозии шаби гузашта ҳоло вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Баъди тирандозии рӯзи якуми декабр дар марз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи посбонии муштараки минтақаи марзӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

"Якуми декабр, соати 23:30 (20:30 ба вақти Маскав) дар минтақаи Торт-Кочои вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти намояндагони марзии Қирғизистону Тоҷикистон бо иштироки раисони навоҳии наздисарҳадӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти салоҳиятдори тарафҳо баргузор шуд", - омадааст дар хабар.

Дар дар поёни дидор тасмим гирифта шуд, ки ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти қудратии ҷонибҳо аз дуюми декабр дар минотиқи марзӣ гаштзании муштарак баргузор кунанд, қайд кардааст ин ниҳод.
Воҳидҳои сарҳадии ҷонибҳо хидмати ҳаррӯзаро идома медиҳанд, то соати 9:00 (06:00 ба вақти Маскав) 2 декабр вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон муътадил арзёбӣ мешавад, хабар медиҳанд расонаҳо.
Траншея на таджикско-киргизской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баҳси марзӣ: қирғизҳо ба сохтмони девори тоҷикон монеъ шуданду роҳсозиашон қатъ гардид
Рӯзи чоршанбе, тахминан соати 21:15 (18:15 ба вақти Маскав) дар маҳаллаи Дахмаи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон, дар наздикии хатти шартии сарҳади давлатӣ шахсони номаълум аз 7 то 8 тир холӣ кардаанд.
Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, гӯё тир аз туфанги шикорӣ зада шудааст.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Президенти Қирғизистон гуфт, кай марз бо Тоҷикистонро боз мекунад
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин муноқиша 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Лентаи хабарҳо
0