https://sputnik.tj/20211023/jabborov-qirghiziston-marz-tojikiston-1043056072.html
Президенти Қирғизистон гуфт, кай марз бо Тоҷикистонро боз мекунад
Президенти Қирғизистон гуфт, кай марз бо Тоҷикистонро боз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов замони ифтитоҳи сарҳад бо Тоҷикистонро эълон кард
2021-10-23T14:16+0500
2021-10-23T14:16+0500
2021-10-24T16:24+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Марз бо Тоҷикистон пас аз анҷоми раванди делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои муаяннашуда боз мешавад, гуфт Содир Ҷабборов дар нишасти матбуотӣ.Қаблан ӯ гуфта буд, ки 210 ҳазор гектар замин дар вилояти Бодканд баҳсбарангез боқӣ мемонад."Дар марз бо Тоҷикистон се минтақаи баҳсӣ аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, мо ҳаққем, аммо ҷониби Тоҷикистон ба ин розӣ нест. Мо то ҳол вобаста ба ин гуфтушунид доир мекунем", - шарҳ дод Ҷабборов.Ҳамзамон ӯ хабар дод, ки комиссияи ҳукуматӣ ба қарибӣ барои гуфтушунид ба Душанбе меравад.Тибқи иттиллои мақомот, сарҳади миёни ҳамояҳо дар умум 972 киллометр буда, аз он танҳо 519 киллометраш мувофиқа шуда, боқимонда минтақаи баҳсӣ мебошад.Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону ҚирғизистонВазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
https://sputnik.tj/20211023/jabborov-bahs-marz-tojikiston-1043055399.html
https://sputnik.tj/20211015/jabborov-masalai-alomatguzorii-marz-1042894758.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов қирғизистон марзро тоҷикистон
ҷабборов қирғизистон марзро тоҷикистон
Президенти Қирғизистон гуфт, кай марз бо Тоҷикистонро боз мекунад
14:16 23.10.2021 (Навсозишуда: 16:24 24.10.2021) Президенти Қирғизистон замони ифтитоҳи сарҳад бо Тоҷикистонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Марз бо Тоҷикистон пас аз анҷоми раванди делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои муаяннашуда боз мешавад, гуфт Содир Ҷабборов дар нишасти матбуотӣ.
"Сарҳад бо Тоҷикистон пас аз анҷоми раванди делимитатсия ва демаркатсия боз мешавад", - гуфт раҳбари Қирғизистон.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки 210 ҳазор гектар замин дар вилояти Бодканд баҳсбарангез боқӣ мемонад.
"Дар марз бо Тоҷикистон се минтақаи баҳсӣ аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, мо ҳаққем, аммо ҷониби Тоҷикистон ба ин розӣ нест. Мо то ҳол вобаста ба ин гуфтушунид доир мекунем", - шарҳ дод Ҷабборов.
Ҳамзамон ӯ хабар дод, ки комиссияи ҳукуматӣ ба қарибӣ барои гуфтушунид ба Душанбе меравад.
Тибқи иттиллои мақомот, сарҳади миёни ҳамояҳо дар умум 972 киллометр буда, аз он танҳо 519 киллометраш мувофиқа шуда, боқимонда минтақаи баҳсӣ мебошад.
Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.