Футболбози Тоҷикистон барои бозӣ ба Қазоқистон рафт

© Федерация футбола Кыргызской РеспубликиТаджикский футзалист Рустам Хамидов
Таджикский футзалист Рустам Хамидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Обуна шудан
Футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамакнун корномаи варзишияшро дар чемпионати футзали Қазоқистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бошгоҳи хурди футболи “Оқжетпес” ҳайати худро бо бозигари тими миллии Тоҷикистон Рустам Ҳамидов тақвият дод. Дар ин бора мудири бошгоҳи "Сипар" Нодир Дӯстов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Бозингари тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи "Сипар"-и Хуҷанд Рустам Ҳамидов фаъолияти худро дар тими "Оқжетпес"-и Кокшетау идома медиҳад. Даста дар суперлигаи Қазоқистон бозӣ мекунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Дӯсматов, Рустам Ҳамидов аввалин футзалбози тоҷик аст, ки дар суперлигаи Қазоқистон бозӣ мекунад.
"Ман дар ҳақиқат умедворам, ки ӯ дар кишвари нав ва дастаи нав худро нишон медиҳад ва метавонад бо бошгоҳ барои ҷойҳои баланд рақобат кунад", - афзуд Дӯстов.
Душанбинская команда «Ласточка». Мадина Фозилова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Аз Гурҷистон ба Малдив: тими нави Мадина Фозиловаи футболбоз аниқ шуд
Мавриди зикр аст, ки Рустам Ҳамидов як шахсияти ҳамаҷониба, барандаи ҷоизаҳои чандинкаратаи чемпионатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, дорандаи Суперҷоми Қирғизистон мебошад.
Намояндагони тими миллии футзали Тоҷикистон қаблан таҷрибаи бозӣ дар чемпионати дигари Осиёи Марказӣ – Қирғизистонро доштанд.
Ду мавсим пеш бозигари тими миллӣ Некрӯз Алимаҳмадов аз "Соро Компани"-и пойтахт ба бошгоҳи "Алга"-и Бишкек гузашт.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Ду футболбози тоҷик ба "Персеполис" гузаштанд, аммо ҳоло дар он ҷо бозӣ карда наметавонанд
Қаблан ду бозигари дигари мунтахаби Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов ва Файзалӣ Сардоров ба "Алга" пайваста буданд.
Бозингарон як мавсим дар ин даста бозӣ карда, ба клуби дигари Қирғизистон – "Спартак" (Бишкек) рафтанд.
Бозингарони "Сипар"-и Хуҷанд Умед Қӯзиев, Муҳаммад Шарифов ва Рустам Ҳамидов низ ба ҳайати "сурх-сафедҳо" ворид шуданд.
Лентаи хабарҳо
0